Вазорати умури хориҷии Туркия аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард, хабар медиҳад хабаргузории Анадолу.
«Умедворем, ки ин танишҳо миёни ду кишвари дӯсту бародар фавран, бидуни ташдиди таниш мутаваққиф шуда, мушкилот бо роҳи мусолиматомез ҳал шавад», – омадааст дар изҳороти вазорат.
Рӯзи 14-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ миёни марзбонони ду кишвар оғоз шуд. Пас аз музокироти намояндагони нерӯҳои марзбонии ду кишвар, даргирӣ қатъ гардид, аммо 16-уми сентябр тирпарронӣ дубора идома кард.
16-уми сентябр Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи оташбас, аз соати 15:00 ба вақти Душанбе, ба мувофиқа расиданд.
Бо вуҷуди тавофуқоти оташбас, Қирғизистон тирандозиро аз ҳама навъҳои аслиҳаи вазнин ба манотиқи аҳолинишини Тоҷикистон дубора шурӯъ кард, хабар дод маркази матбуотии нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ шоми ҷумъа.