Дар даргириҳои чанде пеш дар сарҳади байни Тоҷикистону Русия маҳаллаҳои аҳолинишини наздимарзии Тоҷикистон мавриди ҳамлаи низомиёни қирғиз қарор гирифтанд.
Хабарнигори “Азия-Плюс” ба ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара рафта аз маҳалли ҳодиса гузориши видеоӣ таҳия намуд. Дар ин ҷамоат аз ҳамлаи низомиёни қирғиз 5 узви як оила кушта шудаанд. Тафсилоти ин ҳодисаи мудҳишро аз забони сокинони маҳаллӣ ва ҷабрдидаҳо бишнавед.
Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон болои Тоҷикистон, ки аз 14 то 18-уми сентбяр идома кард, 41 сокини Тоҷикистон куштаву даҳҳо хона вайрон шуданд.
Ҷониби Қирғизистон аз кушта шудани 59 нафар шаҳрвандаш хабар медиҳад.