Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти Рано Назирова, раиси Ассосиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон хабар дода, навиштааст, ки ӯ барои тасарруфи 748 ҳазору 435 сомонӣ аз занони соҳибкори вилоят гумонбар мешавад. Дар бора Маркази матбуоти Агентии зиддифасоди кишвар хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, номбурда бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба боварии занҳои соҳибкор даромада, барои қабул намудан ба аъзогии Ассотсиатсия мазкур, аз онҳо дар 200 ҳолат маблағи умумӣ 748 ҳазору 435 сомониро гирифтааст ва ваъда додааст, ки маблағҳои гирифтаашро дар суратҳисоби соҳибкорон нигоҳ дошта, дар баробари ин, аз ҳисоби Фонди хориҷии “МАR/IIICOPITAL” ба онҳо маблағи грантии бебозгашт ҷудо карда медиҳад.
“Бо ҳамин тарзу усул Назирова Рано маблағи бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба даст овардаашро тасарруф намуда, ба занони соҳибкор зарари махсусан калони моддӣ расонидааст”, – гуфта мешавад дар хабари Агентӣ.
Гуфта мешавад, ки нисбати Назирова Рано бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол карда шудааст.
Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷарима ба андозаи 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (93 ҳазору 440 то 140 ҳазору 160 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол пешбинӣ мекунад.