Тими миллии футзали Тоҷикистон нахустин дидори худро дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт анҷом дод ва бар тими Баҳрайн пирӯз шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ин дар гурӯҳи «В» дар даври аввал буд ва футзалбозони Тоҷикистон бар тими Баҳрайн бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд.
Голҳоро Умед Қӯзиев, Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров заданд. Ин ба тими Тоҷикистон дар оғози Ҷоми Осиё-2022 се имтиёз овард.
Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «В» мунтахаби Ӯзбекистон бар тими Туркманистон бо ҳисоби 8:0 шикаст хӯрд.
Ҳоло дар даври дуввум тими миллии Тоҷикистон бо тими миллии Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ пагоҳ, 29 сентябр, соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Дар даври севвум, рӯзи 1 октябр Тоҷикистон бо Туркманистон ва Ӯзбакистон бо Баҳрайн бозӣ хоҳанд кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.