spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дастури қатъии вазири дифоъ барои ҷалби фарзанди мансабдорон ба хидмати ҳарбӣ

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, дар як ҷаласаи омодагӣ ба маъракаи даъват ба артиш  супориши қатъӣ додааст, ки бештар фарзанди мансабдорон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда шаванд. Дар ин бора Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазир ҳамчунин, ба мақомоти марбута дар робита ба ташхису муоинаи тиббӣ ва пешгирӣ аз ҷинояту роҳҳои ғайриқонунии даъват ба артиш низ дастур додааст.

“Вобаста ба муроҷиати мардум дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда сари вақт қарори дахлдор қабул намоед”, – гуфтааст Шералӣ Мирзо.

Ӯ ба масъулин таъкид доштааст, ки ба пӯшидани сару либоси низомӣ ва муомилаву муносибати хуб бо шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, кӯшиш намоянд, ҷавонони солиму бардам ва болаёқатро интихоб ва ба сафи Артиши миллӣ равона созанд.

Вазири дифоъ ҳамзамон, аз омода кардани мутахассисон барои артиш дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ва ташкилу роҳандозии дарсу машғулиятҳои соҳавӣ гуфтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷаласаи дирӯза бо ширкати комиссариатҳои ҳарбӣ

Дастури вазири дифои кишвар дар ҳолест, ки шурӯъ аз 1-уми октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз ёфта ду моҳро идома мекунад.

Ҳамин тариқ, дар гузашта хабарҳо дар бораи ба сафи артиш пайвастани фарзандони чанд мансабдори сатҳи поинӣ расонаӣ мешуд.

Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

ССЫЛКИ ПО ТЕМЕ
Наворҳои боздошти ҷавонон. Сокинон “облава” мегӯянд, мақомот ҷинояткорон. Кӣ ҳақ?

Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зинаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...