spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Таркиш дар омӯзишгоҳи Кобул. Толибон* аз куштори 19 нафар ва захмӣ шудани 27 кас хабар медиҳанд

Субҳи имрӯз, 30-юми сентябр, дар омӯзишгоҳи Коҷи шаҳри Кобул таркиши шадид рух дод, ки бар асари он тибқи иттилои аввалия 19 нафар кушта ва 27 нафар захмӣ шуданд. Холид Зидрон, сухангӯи фармондеҳии амнияи Толибон дар Кобул бо тасдиқи ин хабар ба расонаҳо гуфтааст, ки таҳқиқ ҳоло идома дорад ва омор метавонад тағйир ёбад.

Дар хусуси омилони таркиш иттилое дастрас нест ва ҳеҷ гуруҳе ҳам масъулияти онро ба зимма нагирифтааст.

Ин дуюмин таркиши пурқурбонӣ давоми моҳи сентябр дар Кобул ва сеюмин инфиҷор дар Афғонистон аст, ки куштаву захмиёни зиёд бар ҷой гузошт.

Қаблан, 2-юми сентябр, дар пайи таркиши шадид дар масҷиди шаҳри Ҳирот яке аз мубаллиғони Толибон Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ, ки имоматии намозро ба зимма дошт, кушта шуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Куштори Муҷибурраҳмон Ансорӣ. Шарҳи Толибон*

Баъдан,  5-уми сентябр, дар назди сафорати Русия дар шаҳри Кобул таркиш рух дод, ки дар натиҷаи он наздики 20 нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Аз ҷумла, ду нафар корманди сафорати Русия дар Кобул низ қурбон шуданд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ғасби қудрат аз ҷониби Толибон дар Афғонистон, таъмини амният яке аз ваъдаҳои ин гуруҳ буд, ки ба мардуми ин кишвар ва ҷомеаи ҷаҳон дода буд.

Чанд рӯз пас аз ваъдаи Толибон, фурудгоҳи Кобул тарконида шуд ва тавре мушоҳида мешавад, инфиҷору амалҳои террористӣ ҳамоно дар Афғонистон идома доранд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...