«Азия-Плюс» лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!»-ро бо дастгирии ширкати букмекерӣ 1XBET аз сар мегирад. Дар шумораи аввал мо дар бораи муваффақияти Жасмин Ан-Нимр, бадансози арабзабон, ки Тоҷикистонро ватани худ медонад ва парчами ҷумҳуриро дар хориҷи кишвар баланд мекунад, нақл мекунем.
Жасмин як сол мешавад, ки бо бодибилдинг ва ё бадансозӣ машғул аст ва аллакай, натиҷаҳои хуб нишон додааст. Ӯ моҳи июли соли ҷорӣ дар чемпионати Осиё оид ба бодибилдинг мақоми аввалро ба даст овард.
"Аслан, барои аз даст додани вазн чанд сол пеш ба толори варзишӣ омада будам. Аммо баъдан вақте бо мураббиам Олим Парпиев вохӯрдам, баръакс, ба пауэрлифтинг машғул шудам. Ман ба бодибилдинг гузаштам. Ва мураббии ман низ маро бовар кунонд, ки дар мусобиқа иштирок кунам", – мегӯяд ӯ.
Ҳеҷ гуна таассуб духтари шарқиро бознадошт.
"Ман дар аввал фаҳмидам, ки ин навъи варзиш бо менталитети мо, бо фарҳанги шарқии мо, номувофиқ аст, аз ин рӯ, вақте машқ мекардем, медонистам, ки дар ин ҷо ҳунарнамоӣ намекунем, дар хориҷа рақобат мекунем!", – мегӯяд Жасмин Ан-Нимр.
Лоиҳаи "Тоҷикистон, ба пеш!"-и "Азия-Плюс" дар бораи варзишгарон бори аввал охири соли 2019 сабт ва интишор карда шуд. Он аз 12 қисса дар бораи беҳтарин варзишгарони кишвар иборат буд, ки дар платформаҳои “Asia-Plus” тақрибан 1 миллион тамошобинро фаро гирифт.
Дар давоми се сол дар мамлакат варзишгарони навкору умедбахш зуҳур карданд ва ҳамаи онҳо сазовори дастгирӣ мебошанд. Мо инчунин итминон дорем, ки ин қиссаҳо одамони дигарро, новобаста аз касбу корашон, водор мекунанд, ки монеаҳои зиндагиро паси сар кунанд ва иродаи худро мустаҳкам намоянд.
Ширкати букмекерии 1XBET моро дар татбиқи лоиҳа дастгирӣ мекунад.