Дар идомаи ҳазфи вожаҳои форсӣ аз лавҳаҳои донишгоҳҳо, идораҳои давлатӣ ва маконҳои умумиии Афғонистон аз сӯи Толибон, шуморе аз устодони донишгоҳҳо ва донишҷуён аз паёмади манфии ин иқдоми Толибон ҳушдор медиҳанд. Онон мегӯяанд, ки ҳарчанд ҳазфи забони форсӣ аз кишвар имконпазир нест, аммо ин иқдоми Толибон сабаби шӯълавар шудани таассубҳои забонӣ ва пуртаниш сохтани муносиботи фарҳангӣ ва иҷтимоии мардуми Афғонистон мешавад. Шуморе аз устодони донишгоҳҳо, ҳазфи вожаҳои форсӣ аз овезаҳо дар Афғонистонро форсиситезии Толибон ва доман задани ин гурӯҳ ба таассуботи қавмӣ тавсиф мекунанд. Ин устодон аз Толибон мехоҳанд, ки ба ҷойи ҳазфи забони форсӣ, ба думболи тақвият ва рақобати солим байни забонҳо бошанд, то ин амр сабаби ҳамдигарпазирӣ миён қишрҳои ҷомеа шавад.
Яъқуб Ясно, устоди пешини донишгоҳи Ал-Берунӣ, дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8-и субҳ” оид ба ин иқдоми Толибон мегӯяд, ки ин гурӯҳ аз замони тасарруфи Афғонистон то ин дам, даст ба форсиситезӣ зада ва таассуботи қавмиро дар бахшҳои мухталифи ин кишвар доман задаанд. Ин устоди донишгоҳ меафзояд: “Форсиситезӣ бино бар асабият ва таассуби қавмии Толибон аст. Иқдоми Толибон аз нодонии ин гурӯҳ бармехезад. Толибон бояд медонистанд, ки вуҷуди забонҳо дар кишвар фурсат ва ғанимат барои кишвар аст. Ҳамчунон, забони форсӣ забони миёнҷӣ ва забони ваҳдат байни мардуми Афғонистон аст”.
Яъқуб Ясно илова мекунад, ки ҳарчанд ҳазфи забони форсӣ аз Афғонистон имконпазир нест, аммо ин иқдоми Толибон сабаби шӯълавар шудани таассубҳои забонӣ ва пуртаниш сохтани муносиботи фарҳангӣ ва иҷтимоии мардуми Афғонистон мешавад. Ясно хотирнишон месозад: “Ин иқдоми Толибон бисёр хатарнок аст ва муносиботи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҳамчунон забонии ҷомеаи Афғонистонро осеб мезанад. Агарчи ҳамакунун ҳам ин муносибот хеле осебпазир аст, аммо ин осебпазирӣ метавонист тармим шавад. Аммо ин бархӯрди Толибон сабаб мешавад, ки ақвом ва фарҳангҳои кишвар марзҳояш ҷудо шавад”.
Фаридаҳмад Муниб, яке аз устодони дигари донишгоҳи Ал-Берунӣ, дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8-и субҳ”, мегӯяд: ”Толибон ва тамоми афроде, ки талош барои ҳазфи забони форсӣ доранд, ҳарчанд аслан ин имконпазир ҳам нест, хуб мебуд ба думболи эҷод ё равишҳо ва сиёсатҳое бошанд, ки чи гуна забонашонро тақвият кунанд”.
Муниб пешниҳод мекунад: “Барои ин кор бояд дар Вазорати иттилоот ва фарҳанг як фарҳангистон эҷод шавад ва ин бахш тавонад барои тақвият ва рақобати солим байни ҳама забонҳо кор кунад. Беҳтарин гузина барои таомули фарҳангӣ ва забон ҳам ҳамин аст”.
Дар канори устодон донишгоҳҳо, шуморе аз донишҷуён аз Толибон мехоҳанд, ки ба ҷойи форсиситезӣ, амният ва адолатро барои мардум таъмин кунанд. Фаридун (номи мустаор), донишҷӯи донишкадаи забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Парвон, мегӯяд: “Толибон забони аксарияти мутлақи мардуми кишвар ва забони модари имом Абуҳанифаро қабул надоранд, вале забони англисиро қабул доранд”.
Мирзомаҳмад, донишҷуи дигаре дар Парвон аст. Ӯ мегӯяд, Толибон бояд масоили муҳимми кишварро авлавиятбандӣ кунанд. Ба гуфта ӯ, Толибон бояд низоми худро мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ созанд то ҷаҳон аз онон ба ҷойи як гурӯҳи мусаллаҳ, ба унвони як режими низомманд ном барад. Мирзомаҳмад меафзояд: “Толибон ба ҷойи масоили бисёр муҳимми миллӣ, ба масоили ғайризарурӣ даст мезананд, ки сабаби таниш миёни шаҳрвандон мешавад”.
Танишҳои забонӣ дар Афғонистон ҳамвора доғ будааст, аммо бо тасаллути Толибон натанҳо ин масоил фурӯкаш накарда, балки дар ҳоли шӯълавар шудан ва авҷгирӣ аст. Дар қонуни асосии низоми ҷумҳурият, забонҳои форсӣ ва пашту ба унвони ду забони расмии ин кишвар зикр шудааст ва ба гӯяндагони соири забонҳо низ иҷоза дода шудааст, ки барои рушд ва тавсеа забони худ талош кунанд ва дар ин замина бинависанд ва анҷуман шакл диҳанд.
Аммо бо тасаллути дубораи Толибон бар Афғонистон, қонуни асосии қаблӣ ғалат эълон шуд ва ин гурӯҳ бахшҳое аз қонуни асосии давраи Зоҳиршоҳро нофиз эълом кард, то ин ки Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари ин гурӯҳ, қавонини сохтаи башарро ғайри қобили татбиқ донист. Ба гуфтаи ӯ “фақат ва фақат ҳукми Аллоҳ қобили татбиқ аст”.
Акнун ва дар ғайби ҳеҷгуна қонуне, гурӯҳи Толибон ҳамарӯза овезаҳои дораҳои муҳимми давлатиро дар вилоятҳое, ки бештар бошандагони он форсизабон ҳастанд, поин мекашанд ва вожаҳои форсиро аз он ҳазф мекунанд. Дар тозатарин маврид, Толибон вожаҳои форсиро аз овезаҳои донишгоҳҳои вилоятҳои Парвон ва Балх, шифохонаи марказии Ҳирот ва шуморе дигар аз идораҳои давлатӣ ҳазф кардаанд.
Вазорати таҳсилоти олии зери идораи Толибон чанде пеш дар тавҷеҳи ин иқдоми Толибон эълом кард, ки вожаи форсии «донишгоҳ» дар қонуни ин вазорат зикр нашуда ва аз ҳамин рӯ, истифода он қонунӣ нест. Сухангӯи ин вазорат гуфтааст, ки дар қонуни таҳсилоти олии Афғонистон вожаи «пуҳантун» зикр шуда ва қонунӣ аст.
Ба бовари огоҳон, ҳазфи забони форсӣ аз овезаҳо ва нодида гирифтани ҳувияти забонии шаҳрвандони Афғонистон, бахше аз талошҳои «саркӯбгарона»-и Толибон аст. Ин гурӯҳ дар як соли гузашта дар арсаҳои мухталифе талош карда фарҳанг ва забони як қавм ва мазҳаби хосро ҳоким бисозад ва соири фарҳангҳо, забонҳо ва мазоҳибро ҳазф кунад ва ё ба ҳошия биронад.