Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар сабаби ҳалокат ва осеби зиёди одамон бар асари таркиш дар яке аз конҳои ангишти Туркия, ба президенти ин кишвар Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқия зикр мешавад, ки “хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар кони ангишт дар вилояти Бартини Ҷумҳурии Туркия боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.
“Ҳамдардиву тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин фоҷеа изҳор намуда, ба онҳо сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», – изҳори тасаллӣ мешавад дар барқия.
Тибқи маълумоти ахири ВАО, бар асари таркиш дар кони ангишти шаҳри Амасра дар шимоли Туркия 41 нафар ба ҳалокат расиданд.
Бино ба маълумоти шаҳрдории Амасра, 11 нафар зинда берун оварда шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ба зиёда аз 50 нафар ангиштканон муяссар шудааст, ки мустақилона аз кон бароянд.