Дар Тоҷикистон Бозиҳои XVI Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуданд.
Ин Бозиҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо шаҳрдории Душанбе, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳод ва нозирони Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ дар Тоҷикистон сурат гирифтанд.
Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар мусобиқаҳо тақрибан 500 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ иштирок намуда, ба ҳайати ҳакамон зиёда аз 30 нафар рассомон, профессорон ва докторҳои санъатшиносии ИДМ дохил мешаванд.
Гуфта мешавад, Бозиҳои Делфии имсола аз рӯи 10 номина- фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии бадеӣ, созҳои нафасӣ ва сарояндаи анъанавӣ, сарояндаи эстрадӣ, рақси халқӣ, созҳои халқӣ мегузаранд.
Гузориши видеоии мо аз ҷараёни бозиҳо.