Қурби рубли Русия пас аз беқурбшавии босуръат давоми ҳафтаи ахир, рӯзҳои истироҳат каме боло рафт. Қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла бар асоси талабот ва пешниҳод дар бозори дохилии асъор муқаррар карда мешавад, дар 5 рӯзи ҳафтаи гузашта ба андозаи 3,4% – аз 164 сомонӣ барои 1000 рубл дар рӯзи душанбе то ба 158,5 сомонӣ – дар рӯзи ҷумъа коҳиш ёфт.
Дар рӯзҳои истироҳат қурби рубл дар сатҳи 159 сомонӣ қарор гирифта айни замон дар ҳамин сатҳ боқӣ мемонад. Қурби рубл нисбати сомонӣ ахиран 22 апрели соли равон дар ҳамин сатҳ қарор дошт.
Қурби расмии доллар ва евро дар ин давра агар начандон зиёд ивазшавии он ба ин ё он самт ба назар гирифта нашавад, қариб бетағйир боқӣ монд. Айни замон тибқи қурби Бонки миллӣ 1 доллар 10,2185 сомонӣ ва 1 евро – 9,9610 сомонӣ нарх доранд.
Дар ҳамин ҳол, беқурбшавии рублро нисбати сомонӣ баъди муддати тӯлонӣ дар сатҳи баланд қарор доштан, мутахассисон ба ногаҳон болоравии қурби доллар ва евро дар ҷараёни савдои биржаи Маскав дар ҳафтаи гузашта рабт медиҳанд: қурби доллар аз 54 то 63 рубл ва евро – аз 58 то 62 рубл боло рафт.
Коршиносони рус инро ба шиддати вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон ва таҳримҳои нав алайҳи Русия нисбат медиҳанд.
Мутахассисон зикр мекунанд, ки дар натиҷаи аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ ба Русия вобаста будани Тоҷикистон аз Русия, сомонӣ дарвоқеъ аз рубл вобастагии зиёд дошта, чӣ гуна ҳолате, ки бо рубл ба амал меояд, баъди муддати муайяне ба пули тоҷикӣ низ ҳамин гуна ҳолат таъсир хоҳад расонид.
Аз се як ҳиссаи молу маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти ниёзи аввалро Тоҷикистон аз Русия ворид мекунад. Дар соли 2021 ҳаҷми умумии интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд долларро ташкил додааст, ки 94,3%-и он бо рубл, 5,6% – бо доллар ва 0,1% бо евро ирсол шудааст.