Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик обуҳавои номусоидро дар ҷумҳурӣ пешгӯӣ мекунад. Имрӯз ва пагоҳ ба ҷуз ВМКБ, дар саросари кишвар борону раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад.
Дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳӣ фаромадани сел ва дар дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ғарбӣ), рӯдхонаҳои доманакӯҳи қаторкӯҳи Ҳисор болоравии сатҳи об дар назар аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносӣ.
Дар давраи аз рӯзи 18 то 21 май дар вилояти Хатлон обуҳавои тағйирёбанда, боронҳои кӯтоҳмуддат, эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 29-34 дараҷа, дар доманакӯҳҳо шабона 9-14 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Ин рӯзҳо дар вилояти Суғд низ обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баландии зиёда аз 2500 метр барф меборад. Ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавои тағйирёбандаи абрнок ва шаби 18 ба 19 май дар водиҳо борони кӯтоҳмуддати пушиддат бо раъду барқ ва жола пешбинӣ шудааст. Аз 19 то 21 май дар водиҳои ин минтақа боришот дар назар нест. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад, боридани борон ва поинравии ҳарорат пешгӯӣ мешавад.
Дар ВМКБ низ обуҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар буда, дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 7-2 дараҷа ва рӯзона 19-24 драҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳарорат шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.