spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Раёсати КДАМ дар Суғд ҳарфҳои вазири дифои Қирғизистонро иғвоангез ва хилофи тавофуқи ҳосилшуда дар марз номид

Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо пахши изҳороти навбатӣ иддаои Бакитбек Бекболотов, вазири дифои Қирғизистон, ки дирӯз, 19-уми октябр, гуфт, «байни Қирғизистону Тоҷикистон сулҳ нахоҳад шуд» иғвоангез ва хилофи мавқеъгирии роҳбарияти Қирғизистон дар хусуси аз тариқи гуфтушунид ва бо назардошти муносибатҳои дӯстонаи ду халқи ҳамсоя ҳал кардани масъалаҳои баҳсӣ номид.

Дар вокуниши ин ниҳод, ки шоми имрӯз, 20-уми октябр, дар АМИТ “Ховар” нашр шуд, аз ҷумла гуфта мешавад, ки новобаста аз тавофуқоти ҳосилшудаи дуҷониба дар хусуси роҳ надодан ба муноқишаҳои навбатӣ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ходимони сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Қирғизистон бо муроҷиатҳои моҷароҷӯёнаи худ ба барангехтани кинаву адовати миллӣ мусоидат карда, ба муносиботи байниҳамдигарӣ ва байналмилалӣ зиён мерасонанд.

“19-уми октябри соли ҷорӣ Вазири мудофиаи ҶҚ Бакитбек Бекболотов зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки: «Байни Қирғизистону Тоҷикистон сулҳ нахоҳад шуд». Ин изҳороти иғвоангезона пурра муқобили ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ мебошад. Б.Бекбулатов ишора кард, ки мушкилоти муайянкунӣ ва аломатгузории марзӣ то лаҳзае, ки силоҳҳои вазнин аз хатти сарҳади давлатӣ берун бурда нашаванд, боқӣ мемонанд. Вале ҳамзамон бо ин, хабар дод, ки аз тарафи Қирғизистон маҷмуи мушакандози зенитии С-125 «Печора-2БМ» харидорӣ гардидааст ва дар ҳудуди вилояти Бодкан ҷойгир карда мешавад”, – гуфта мешавад дар изҳороти ин ниҳод.

Ба таъкиди Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон дар вилояти Суғд амалкарди вазир ошкоро бар хилофи мавқеъгирии роҳбарияти Қирғизистон дар хусуси аз тариқи гуфтушунид ва бо назардошти муносибатҳои дӯстонаи ду халқи ҳамсоя ҳал кардани масъалаҳои баҳсӣ, равона шудааст.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳадафи асосии изҳороти мазкур тезутунд сохтани ваъият дар хати сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон мебошад.

“Гузашта аз ин, мавқеи узви Ҳукумати ҶҚ бо протоколҳои имзошудаи дуҷониба таҳти №39, №41, ва №42, ки тибқи онҳо масъалаҳои муайянкунии сарҳад бояд дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворию якдигарфаҳмӣ ҳалли худро ёбанд, мухолифат мекунад. Ҷойгиркунии воситаҳои иловагии зиддиҳавоӣ дар вилояти Бодкан рӯирост вайрон кардани банди «е»-и Протоколи №42 аз 25-уми сентябри соли 2022 мебошад”, – омадааст дар изҳорот.

Маркази матбуоти Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфтааст, ки муроҷиатҳои моҷароҷӯёнаи ходимони сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Қирғизистон муқобили уҳдадориҳои ба зимма гирифтаи тарафҳо буда, ба мураккабшавии вазъият дар сарҳад ва пайдо шудани ҳисси нобоварӣ нисбат ба якдигар боис мегарданд.

“Аз ин хотир, Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд даъват мекунад, ки ба паҳн сохтани чунин суханронӣ ва муроҷиатҳои мансабдорон, ки метавонанд мураккабшавии вазъият, душманию бадбиниро байни ду халқ ба вуҷуд оранд, роҳ дода нашавад”, – омадааст дар изҳорот.

Бояд гуфт, ки дирӯз, 19-уми октябр, зимни нишастӣ хабарӣ дар Бишкек вазири мудофиаи Қирғизистон Бактибек Бекболотов изҳор намуд, ки “байни Қирғизистон ва Тоҷикистон сулҳ барқарор намешавад”.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии сарҳад миёни ҳам баҳс доранд ва сари ҳар чанд вақт ин боис ба муноқишаи мусаллаҳона низ мегардад. Охирин муноқишаи марзӣ, ки 14-17-уми сентябр сар зад, боиси куштаву захмӣ шудани даҳҳо нафар аз ҳарду ҷониб гардид.

Бо вуҷуди созишномае, ки 19-уми сентябр байни роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар дар мавриди суботи авзоъ ва дур кардани нерӯҳо аз хати марз ба имзо расид, таниши лафзии тунд дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар давом дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...