spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Баррасии бунёди метро дар Душанбе бо намояндагони Кореяи Ҷанубӣ

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо як ҳайати намояндагони баландпояи Корея сохтмони метро дар Душанберо баррасӣ намудааст. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Завқӣ Завқизода дар давоми рӯзҳои 17-19-уми октябр бо Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) Cон Ҳюк-Санг, Президенти Агентии пешбурди савдою сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ (KOTRA) Ю Ҷонг Йол, Роҳбари кумитаи махсуси Ассамблеяи миллии Кореяи Ҷанубӣ Сух Бюнгсу, роҳбарияти Бонки содиротию воридотӣ (EXIMBANK), Вазорати савдо, саноат ва энергетика ва ширкати роҳи оҳани миллӣ, инчунин, корхонаҳои истеҳсоли мошинҳои электрикӣ, нассоҷӣ, панелҳои офтобӣ, истихроҷи маъдан, рақамикунонии иқтисодиёт, сохтмони IT Park, моҳипарварӣ, сайёҳӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ вохӯриҳо баргузор намудааст.

"Дар вохӯрӣ бо директори иҷроияи ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяи Ҷанубӣ таъмини иҷрои муқаррароти Ёддошти тафоҳуми баимзорасида оид ба асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе таъкид карда шуд", – омадааст дар хабар.

Ҳамзамон, дархост гардидааст, ки ҷиҳати иҷрои супориши Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи оғози гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии ин лоиҳа аз ду соли пешнибинишуда то ба як сол кӯтоҳ карда шавад.

Зимни мулоқот ӯ зикр намудааст, ки муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ мунтазам рушд ёфта, Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои афзалиятнок барои сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ дар 5 соли оянда дохил карда шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Аммо зимни вохӯрӣ ҷонибҳо гуфтаанд, имконияти тиҷоратию сармоягузории ҳарду кишвар пурра истифода нашудаанд.

"Бинобар ин дархост гардид, ки барои ба маротиб зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба ва ҷалби сармояву технологияи Кореяи Ҷанубӣ иҷрои пурраи ёддошти тафоҳуми ба наздикӣ баимзорасида таъмин карда шавад", – менависад манбаъ.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Душанбе метро месозанд, аммо кадом сол ҳоло маълум нест

Ҳамин тавр, дархост шудааст, ки дар вазъи мураккаби глобалии иқтисодию молиявии имрӯза маблағгузориҳои лоиҳаҳои Тоҷикистонро ба таври назаррас зиёд карда, ба татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, ба монанди саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тағйирёбии иқлим, сайёҳӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва омода намудани мутахассисони кишвар дар донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ мусоидат намоянд.

Ҳамзамон, даъват ба амал оварда шуд, ки барои муаррифии имконияти мавҷудаи кишвар ба ширкатҳои кореягӣ, ҷалби ширкатҳои кореягӣ оид ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ифтитоҳи намояндагии доимии ташкилоти KOTRA дар Тоҷикистон ва маблағгузории лоиҳаҳои пешниҳодгардида кӯмак намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...