Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, танҳо пас аз муроҷиати расмии Шаҳло Давлатова, сокини Хуҷанд, ки даъво дорад, як муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии ин шаҳр барои раҳоии ӯ аз ҷавобгарии ҷиноӣ 30 ҳазор доллар хоста, ба номусаш дастдарозӣ кардааст, таҳқиқро оғоз мекунад.
Дар ин бора Нусратулло Муҳаммадзода, сухангӯи ВКД дар суҳбат бо “Азия-Плюс” хабар дод.
Ӯ гуфт, мақомот наметавонад, ки дар асоси овоза ё нашри муроҷиатнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО тафтишотро оғоз кунад.
“Танҳо баъди гирифтани муроҷиати расмӣ, иддаои Шаҳло Давлатова, сокини шаҳри Хуҷанд нисбати муфаттиш Дилмурод Шодизодӣ тафтиш карда шуда, таҳқиқ оғоз мешавад”, – гуфт ӯ.
Тавре сухангӯи ВКД зикр кард, то ҳол ба Вазорати корҳои дохилӣ дар робита ба ин ҳодиса иттилои расмӣ ворид нашудааст.
Манбаъ афзуд, шаҳрвандон барои расонидани маълумот дар бораи қонуншиканиҳо бояд расман муроҷиат кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сабабҳои оғоз гардидани парвандаи ҷиноятиро мавҷудияти иттилоот дар ВАО ва шабакаи интернет муқаррар кардааст.
Дар моддаи 140-и Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки “асосҳои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ мавҷудияти маълумоти кофие мебошад, ки дар он аломатҳои таркиби ҷинояти дар қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дида мешаванд”.
Дар қисми 2-и ҳамин модда бошад, “иттилоот дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар шабакаи интернет” ҳамчун яке аз сабабҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ таъкид гардидааст.
Қаблан, Радиои Озодӣ бо такя ба Шаҳло Давлатова, ки дар робита ба муомилоти ғайриқонунии асъор таҳти тафтишот қарор дорад, навиш, ки муфаттиш Дилмурод Шодизода бар ивази боздоштани парвандааш аз ӯ 30 ҳазор доллар пора талаб кардааст. Вай ҳамчунин гуфтааст, муфаттиш ба номусаш “дастдарозӣ” кардааст.
“Иттиҳомҳои “Вайрон кардани дахлнопазирии манзил” ва “Монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ”-ро низ ба гарданам бор карданд. Иҷоза намедоданд, ки бо вакили мудофеъ гап занам. Дилмурод Шодизода фишор меовард, ки барои сабукии парванда 30 ҳазор доллар диҳам. Баъд маро ба утоқи дарунии ҷои кораш бо зӯр дароварду дастдарозӣ кард”, – даъво кардааст ӯ.
Вале муфаттиш Дилмурод Шодизода дар суҳбати телефонӣ таҳқиқи парвандаро тасдиқ карда, иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва дастдарозиро беасос донистааст.
“Бале, ин парвандаро тафтиш кардам. Дар мавриди маблағу таҷовуз ба номус, ин ҳама нодуруст аст. Агар факту далел дошта бошад, ба мақомот муроҷиат кунад, бигзор санҷиш гузаронанд, мо посух медиҳем. Ман барои дигар суолҳоятон вақт надорам, банд ҳастам ба таври хаттӣ ба Раёсат муроҷиат кунед, ҷавоб медиҳам”, – гуфтааст ӯ.