Ғуломҳайдар Искандаров ё тавре ҳамкурсонаш мегӯянд, Бобои Ғуломҳайдари 76-сола солмандтарин донишҷӯ дар Тоҷикистон аст. Ӯ соли чорум аст, ки дар бахши ғоибонаи ихтисоси география ва демографияи Донишгоҳи давлатии Бохтар таҳсил мекунад ва бовар дорад, ки барои илм омӯхтан ҳич вақт дер намешавад.
Дар навори зерин, оид ба шароити таҳсил, фаъолияти берун аз дарсӣ ва нақшаҳои Ғуломҳайдар Искандаров ба тафсил нақл шудааст, ки метавонед тамошо кунед.