Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 27 октябр аз Остона, пойтахти Қазоқистон боздид ва дар нишасти сарони “Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ” ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Раисиҷумҳурро дар ин сафар Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, Аъзамшо Шарифӣ, ёвари раисиҷумҳур дар умури сиёсати хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.