spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ангишт дар Тоҷикистон чӣ нарх дорад ва кадомаш ҳозир аз ҳама беҳтар аст?

Дар Тоҷикистон бештари хонаҳо дар деҳот бо ангиштсанг ва ҳезум гарм карда мешаванд ва бо фарорасии сардиҳо, талаботи мардум ба ин навъи қадимии сӯзишворӣ зиёд мешавад. Аз нархи ангишт огаҳ шудем.

Имсол нархи бозории 1 кило ангишт барои истифода дар хона ба ҳисоби миёна 0,55 сомонӣ боло рафт.

Агар соли гузашта нархи миёнаи бозор ба 1 кило ангишт барои хона 1,80-2,20 сомониро ташкил медод, имсол он то 2,35-2,75 сомонӣ зиёд шуд.

Нархи ангишт барои саноат (хокаи он), ки дар корхонаҳои истеҳсоли сементу хишт истифода мешавад, ба ҳисоби миёна аз 0,30 то 0,80 сомонӣ боло рафт.

Чаро ангишт қимат мешавад?

Қиматшавии ангиштро мутахассисон ба зиёдшавии хароҷот ба нақлиёт ва логистика рабт медиҳанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шералӣ Кабир: “Тоҷикистон содироти ангиштро ба хориҷи кишвар қариб 15 баробар зиёд кард”

“Нархи 1 кило ангишт барои хона дар бозор ҳозир 2,75 сомониро ташкил медиҳад. Нарх дар бозор ба конҳои ангишт вобаста нест. Ҳудуди 65% аз арзиши ангишт дар шаҳру навоҳӣ ба хароҷоти нақлиёт марбут аст”, – изҳор дошт зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Баҳриддин Абдураҳимов.

Ӯ таъкид дошт, ки мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бояд нархҳоро назорат кунанд, то ки он ба таври сунъӣ боло бурда нашавад ва “ин уҳдадории онҳост”.

“Дар ин соҳаи тиҷорат ҳар як соҳибкор ба ҷуз иҷозатномаи мо, аз экология ва хадамоти оташнишонӣ низ иҷозаи кор мегирад. Танҳо баъди ин раисони ноҳияҳо ба онҳо барои фурӯши ангишт иҷоза медиҳанд ва вазифадоранд, ки нархҳоро дар бозор назорат кунанд”, – гуфт Абдураҳимов.

Ҳамасола бо ташаббуси Вазорати саноат КВД “Ангишти тоҷик” дар саросари кишвар ярмаркаҳо баргузор мекунад, ки дар онҳо ангишт чандин баробар арзонтар нисбат ба бозор фурӯхта мешавад.

Нарх дар конҳои асосии ангишти Тоҷикистон

Нархи ангишти қаҳваранг дар кони Шӯроб, ки онро маъмулан дар тарабхонаҳои кишвар барои тайёр кардани сихкабоб ва барбекю истифода мебаранд, аз 2,75 то 2,85 сомонӣ барои 1 килоро ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи соҳибкорон, нархи ангишт дар конҳои Исфара ва Назар-Айлоқи ноҳияи Рашт, ки аз ҷониби ҶСК “Ангишти Камароб” истихроҷ мешавад, саноатиаш бо нархи 0,30 сомонӣ ва барои гамрмкунии хонаву бино – 1,3 сомонӣ барои 1 кило фурӯхта мешавад. Сифати ангишти ин кон барои истеъмолгарон қобили қабул аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар кони “Фон-Яғноб” ҶДММ “Талко Ресурс” ва ҶСП “Комбинати металлургии Тоҷикистон” 1 кило ангишти саноатӣ (хокаи он)-ро 0,20 сомонӣ ва барои гармкунии биноро – 0,90 сомонӣ мефурӯшанд.

Нархи ангишти кони Зиддеҳ аз ҳама пасттар – 1 кило ангишти маишӣ 0,5 сомонӣ аст, лекин сифаташ ҳам пасттарин арзёбӣ мешавад.

Бо ангишти Қирғизистон сихкабоб бомазатар мешавад

Ба ҷуз ангишти худӣ, ба Тоҷикистон аз Қирғизистони ҳамсоя низ ангишти сифаташ хуб оварда мешавад, ки нархи 1 килои он аз 2,70 то 3,20 ва ҳатто болотар аз онро ташкил медиҳад.

Зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” соҳибкорон изҳор доштанд, ки нарх ва сифати ангишти воридотӣ ба интиқол ва шароити нигаҳдории он вобаста аст: масалан аз борон ё намӣ дар анбор эмин нигоҳ дошта шудааст ё не.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Суғд нархи ангишт боло рафт. Аҳолӣ ба таппак рӯй меорад

Ба ангишти Қирғизистон талабот асосан дар муассисаҳои хӯроки умумӣ – тарабхонаву қаҳвахонаҳо барои пухтани сихкабоб зиёд аст.

Мутахассисон худдорӣ аз истифодаи ангишти саноатӣ (хокаи ангишт)-ро дар шароити хона тавсия медиҳанд, зеро агар он дар бинои пӯшида сӯзад, дуд карда, ба саломатӣ зарари зиёд ва ба заҳролудшавӣ оварда мерасонад.

Сарфи назар аз 2,75 сомонӣ нархи миёнаи бозор барои 1 кило ангишт дар саросари кишвар, ки бо Вазорати саноат мувофиқа шудааст, дар минтақаҳо он бо нархҳои гуногун фурӯхта мешавад.

Нархи 1 кило ангишт барои гармкунии бино дар минтақаҳо тариқи зайл аст: Суғд – 2,60-2,90 сомонӣ, Хатлон – 2,50-2,80 сомонӣ, ВМКБ – 3,10-3,80 сомонӣ, Ноҳияҳои тобеи марказ – 2,40-2,80 сомонӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...