Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи фармони сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, Неъматулло Табаров ба вазифаи сардори Раёсати хадамоти гумруки вилояти Суғд таъин карда шуд. Номбурда қаблан дар дастгоҳи марказии хадамоти гумруки кишвар ифои вазифа менамуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, Хайрулло Раҳимов, ки қаблан дар ин мансаб кор мекард, ба вазифаи директори муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи минтақавии таҳкими фаъолияти гумрук ва рушди зерсохтори он» таъин гардид.