Душанбе. 31-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4-уми феврал дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Маскав иштирок хоҳад кард.
Тавре робари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, худи ҳамон рӯз Э.Раҳмон инчунин дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар сатҳи сарони кишварҳои аъзо низ ширкат хоҳад варзид.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё масъалаҳои таъсиси Фонди зиддибӯҳронӣ ва Маркази технологияи муосир дар чаҳорчӯбаи иттиҳод мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Ба иттиҳоди иқтисодии Авруосиё кишварҳои Русия, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон шомил мебошанд. Соли гузашта Ӯзбекистон аз узвият ба ин иттиҳод даст кашид.