spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Лукашенко муқобили истифодаи СААД дар ҳалли мушкилоти дохилии сиёсӣ изҳори назар кард

Президенти Беларус Александр Лукашенко изҳор дошт, ки кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) набояд созмонро барои ҳалли мушкилоти дохилии сиёсӣ истифода баранд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлати Беларус хабар медиҳад, ин нуктаро ӯ зимни вохӯрӣ бо Дабири кулли СААД Станислав Зас баён кардааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Вақте харитаҳо гуногунанд. Оё Маскав ба Душанбеву Бишкек барои ҳалли баҳси марзӣ кумак мекунад?

Гуфта мешавад, Лукашенко ва Зас вазъият дар марзи Арманистону Озарбойҷонро баррасӣ карданд. Сарвари давлати Беларус доир ба ин ва дигар масъалаҳои марбут ба вазъи СААД ба таври ошкору кушода ҳарф зада, дар бораи заминаҳои мавқеигирии Беларус дар ин самт фикрашро зикр кардааст.

“Касе, ки кор кардан нахоҳад, ихтиёраш. Лекин бо касоне, ки дар Созмон кор кардан мехоҳанд, бояд фаъолият кунем ва бояд ин гурз ё поячӯби оҳаниро, ки гирдаш давр мезанему ба тамоми ҷаҳон нишон доданием, ки ҳамин гуна созмони сиёсӣ ҳаст, фаромӯш созем. Мавқеи Беларус дар ҳамин ифода меёбад ва мо ҷонибдори ҳаминем.

Лекин бидуни ягон бозие ва истифодаи СААД дар кадом як мушкилоти дохилии сиёсӣ. Ҳама чунин мкшкилот доранд, лекин СААД барои ин таъсис дода нашудааст”, – изҳор доштааст Лукашенко.

Дар пасманзари вазъият дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон Лукашенко инчунин вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро хотиррасон намудааст.

“Ба ин муноқиша хотима бахшидан лозим аст. Худо накунад, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон низ муноқиша бошад. Ин қобули қабул нест. Инро хотима додан зарур аст. Муносиб нест, ки дар доираи СААД мо ин муноқишаҳоро қатъ карда наметавонем. Мо бояд хеле ҷиддӣ ин масъалаҳоро дар иҷлосияи навбатии СААД баррасӣ кунем”, – гуфтааст президенти Беларус.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...