spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Ашраф Ғанӣ бе паспорт фирор кард”. Ҷузъиёти нави фирори президенти Афғонистон

Муҳаммад Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷаи давлати пешини Афғонистон, ки пас аз суқути низоми ҷумҳурӣ тарки кишвараш кард, бори нахуст бо рӯзноманигори бахши форсии “BBC” суҳбати ихтисосӣ баргузор намуд ва баъзе аз паҳлӯҳои норӯшани суқути Кобул, фирори Ашраф Ғанӣ, вазъи кунунии сафоратҳои Афғонистон дар кишварҳои дигар ва барномаи ояндаи худро муфассал баён намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки омодааст барои “суқути низом” посух гӯяд ва аз дигарон низ хост, ки аз ӯ пайрав бошанд.

“Дар суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон чанд ҷиноҳ, аз ҷумла сиёсатмадорон ва раҳбарони давлат, раҳбарони Толибон*, ки ба роҳи ҳалли низомӣ таъкид карданд ва муттаҳидони Афғонистон, ки “бинобар манофеъи худ тасмими оҷилона гирифтанд” гунаҳкор мебошад”, – гуфт Ҳаниф Атмар.

Фирори Ғанӣ бидуни паспорт

Вазири корҳои хориҷии пешин дар ин мусоҳиба аз охирин рӯзҳои дар Кобул будани хеш ва суҳбатҳояш бо президенти Афғонистон ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки як рӯз пеш аз суқути Кобул Ашраф Ғанӣ ҷаласа таъйин карда, масъалаи фиристодани гуруҳи вижа бо роҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии сулҳ ба Давҳаро баррасӣ намудааст. Қарор буда, ки ин гуруҳ бо Толибон ва шарикони дигар масоили интиқоли мусолиҳатомези қудрат ба ҳукумати муваққатро баррасӣ кунанд.

“15-уми августи 2021, рӯзе, ки раисҷмҳур Ғанӣ бо тимаш тасмим гирифт аз Афғонистон хориҷ шавад, аз ин барнома иттилое надоштам. Банди корҳо барои заминасозӣ ҷиҳати сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ, роҳбари Шӯрои олии сулҳ ба Қатар будам.  Соати 11-и субҳ бо оқои Абдуллоҳ тамос гирифтам ва гуфтам, қарор аст шумо ба Давҳа биравед. Оқои Абдуллоҳ гуфт, то кунун аз Арг ба онҳо иттилоъ надодааст. Ба оқои Фазлӣ занг задам ва ӯ гуфт, ки оид ба сафари ин гурӯҳ ба зудӣ иттилоъ хоҳад дод. Ин ҳама дар ҳоле буд, ки рӯзе пеш тамоми сафар ва ҷузъиёти он маслиҳат шуда буд”, – гуфт Ҳаниф Атмар.

Баъдан ӯ суҳбати охирини худ бо Ашраф Ғаниро чунин ба хотир меорад: “Ба вазорати корҳои хориҷа дастёри оқои раисҷумҳур омад ва паспортҳои ӯро хост. Вақте бо раисҷумҳур сӯҳбат кардам, ӯ таъйид кард, ки худаш ӯро фиристода то паспортҳоро биовард. Гуфтам худам мебарам ва вақте паспортҳои Ашраф Ғанӣ дар даст ба Арг рафтам, ӯро наёфтам. Вақте занг задам, гуфтанд, ки ба хонаашон равам. Вақте дар роҳ ба хонаи раисҷумҳур будам, ба ман иттилоъ расид, ки Ашраф Ғанӣ бидуни паспорт кишварро тарк кардааст. Паспорти раисиҷумҳур то ҳол дар дасти ман аст”, – ёдовар шуд Ҳаниф Атмар.

Ҳаниф Атмар тахмин мезанад, ки нақшаи фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон қаблан барномарезӣ шуда буд, аммо худи президенти фирории Афғонистон дар мусоҳибае гуфта буд, ки хориҷ шудани ӯ аз Кобул “ногаҳонӣ буд ва ҳатто фурсати ҷамъоварии попӯши худро надошт”.

Ҳаниф Атмар гуфта, худи ӯ пас аз 24 соати суқути Кобул тарки кишвар кардааст.

Вазъи сафоратҳои Афғонистон

Вазъи сафоратҳои Афғонистон дар кишварҳои гуногун яке аз масъалаҳои доғе буда, ки вазири хориҷаи давлати пешин дар робита ба он изҳори назар кардааст. Ӯ гуфтааст, ки ҳолати сафоратҳо «бисёр печида» аст.

“Сафоратҳои Афғонистонро шуморе аз кишварҳо, аз ҷумла, Чин, Русия ва Покистон ба ҳукумати Толибон таслим кардаанд ва бархе аз онҳо фақат равобити идорӣ бо Толибон доранд”, – гуфтааст Ҳаниф Атмар.

Ӯ гуфтааст, ки ба ҳар сурат, дар аксари кишварҳо сафоратҳо «вафодор ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва арзишҳои он» ҳастанд ва бо вуҷуди мушкилоте, ки доранд корашонро пеш мебаранд ва ҳатто бархе аз кормандони он бидуни ҳуқуқ кор мекунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ривоятҳои Амруллоҳ Солеҳ аз суқути Кобул: “як рӯз пеш маълум буд, ки Ғанӣ бояд фирор кунад”

Ҳамчунин, дар ин мусоҳиба Ҳаниф Атмар таъкид мекунад, ки намояндаи кунунии Афғонистон дар Созмони Миллали Муттаҳид Насир Аҳмад Фоиқ бояд симмати худро холӣ ва онро ба масъули қонунии он Муҳаммад Наимӣ, ки як муддат бо сабабе аз кор канор рафта буд, супорад.

Роҳи машрӯъият дар Афғонистон

Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар бораи тарҳи ҳаракати сиёсии худ – “Ҳаракати миллии сулҳ ва адолат”, ки чанде пештар дар Туркия муаррифӣ шуд,  гуфт, ҳадафи меҳварии он “иҷрои тавофуқномаи Давҳа аст, ки яке аз бандҳои муҳими он эҷоди ҳукумати тавофуқӣ пас аз музокироти байнулафғонӣ аст”.

“Ҳарфи мо ба Толибон ва ҷомеа байнулмилалӣ ин аст, ки ҳамон тавофуқеро, ки худатон кардед, анҷом диҳед. Танҳо дар ин сурат ҳукумати оянда метавонад машрӯъияти худро ба даст орад”, – гуфтааст Ҳаниф Атмар. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...