Муҳиддини Музаффар, коргардони филми ҳунарии "Дов" аз аҳли зиёи кишвар, аз ҷумла, шоиру нависандагон, рӯзноманигорону ҳунарпешагон, профессорону дотсентҳо, омӯзгорону директори мактабҳои миёнаву ректорони донишгоҳҳо ва сардорони коргоҳу корхонаҳо даъват кардааст, ки барои дастгирии соҳаи кинои кишвар бетараф набошанд. Муроҷиати ин коргардон, ки бозгӯи вазъи кунунии соҳаи кино дар кишвар аст, дар зер ба шакли комил интишор мешавад.
Дуруд ба ҳамаи Шумо – устодони азиз! Бале, ҳамаи Шумо устод ҳастед. Ба шарофати Шумо миллат тарбия ёфтаву таълим гирифтааст. Шумо раҳнамои ҷомеа ҳастед. Чуноне ки дар аксари расонаҳои кишвар хабар додем, ба наздикӣ филме бо номи "Дов" тавлид гардид. Аниқтараш, нахустнамоиши ҷаҳонии ин филм дар фестивали байналмилалии "Пусан"-и Кореяи ҷанубӣ 8-уми октябр дар бахши "Оинаи Осиё" намоиш дода шуду Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Ҳамчунин, 17-уми октябр рӯнамоии ин филм дар толори бузурги Хонаи кинои шаҳри Маскав бо ҳамкории сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Иттифоқи синамогарони Русия бо ҳузури наздик ба ҳазор тамошобин баргузор гардид.
Баъдан, нахустнамоиши бошукӯҳи филми ҳунарии "Дов" бо иштироки созандагони ҳунармандони ин филм 28-уми октябр дар кинотеатри "Ватан"-и шаҳри Душанбе, 1-уми ноябр дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин, 2-юми ноябр дар "Кохи Бодом"-и шаҳри Конибодом баргузор гардид. Дар ин нахустнамоишҳо хеле талош кардем, ки толору фойеҳои кинотеатрҳоро зебо оро бидиҳем ва дар ин шаҳрҳо фазои синамоӣ бисозем. То ки мардуми кишвар аз таваллуд шудани як филми миллӣ бохабар бошанд ва шод шаванд. Ва фаҳманд, ки филмсозӣ заҳмати зиёд талаб мекунад. Ва бо ҳавас баъдан роҳи кинотеатрро пеш гиранд, аммо…
Аз 1-уми ноябр кинотеатрҳо холӣ аст…
Бегоҳии гузашта аз кинотеатри "Ватан" занг зада, хабардорам карданд, ки санаи 1-ум дар якум намоиш 10 нафар, дар намоиши бегоҳӣ бошад 9 нафар ба тамошои филм омадаанд. 2-юми ноябр бошад, соати 14:00 ҳамагӣ 7 нафар ва соати 18:00 ягон нафар тамошобин наомад. 3-юми ноябр, соати 14:00 ду нафар омад, намоиши филм боздошта шуд. Соати 18:00 низ бинобар набудани тамошобин намоиши филм баргузор нагардид. Аз кинотеатри "Ватан" хабардорам карданд, ки агар то ду рӯзи дигар тамошобин наоянд аз репертуари кинотеатр филмро мегиранд.
Инак, се рӯз мешавад, ки банда ба фикр фурӯ рафтаам. Наход ба филми "Дов" ҳам тамошобин наояд. 12 сол аст банда дар фазои фарҳангии кишвар филм месозам. Дувоздаҳ сол талош кардем барои боварии тамошобинро харидан. Барои боварии тамошобинро ба синамои миллӣ баргардонидан. Аммо наход ҳамааш беҳуда бошад…
Чӣ кор бояд кард? Ба кӣ бояд муроҷиат кард? Кадом дарро бояд зад? Акнун бо кадом роҳ аз қарз раҳоӣ меёбам? Чӣ гуна ба чашми бачаҳои вафодари дар барам буда бояд нигарам?
Ҳамин гуна ҳар сония ҳазорон фикр дар сарам чарх мезанад. Ин шаб шаби дарозтарини умрам буд. Шаби 3 юми ноябри соли 2022 – ро фаромӯш намекунам.
Аз тамошобини оддӣ гила надорам, маро маъзур доред, устодони азиз, аммо чаро Шумо ба толор намеод?! Наход Шумо ду соат вақт наёбед барои дидани як филми миллӣ? Барои дидани маҳсули талошҳои шогирдону фарзандони худ. Барои огоҳ шудан аз қадамҳои синамогарони ҷавон, ки филмашонро аз номи миллати тоҷик ба фестивалҳо мебаранд. Барои баҳои воқеӣ додан, ки оё арзанда ҳаст ин филм барои муаррифӣ кардани миллат. Чаро Шумо бетарафед?! Чаро Шумо дар барамон нестед?! Бале, шояд корҳои мо ҳоло хом бошанд ва ақаллан барои пухта кардани хомҳои мо баҳри маслиҳат дар барамон бошед. Агар Шумо имрӯз барои дидану баҳо додану таблиғ кардани филми миллӣ намеоед, пас мо – синамогарон ба кӣ умед бандем?! Мо бо маслиҳатҳои кӣ рушд кунему сохта шавем?! Мо чӣ гуна қувват гирем? Чӣ гуна фазо созем ва бо кӣ созем?! Оё мо барои кӣ филм месозем? Оё кай ва чӣ гуна ба сохтани филмҳои тарихӣ даст мезанем? Бо кадом рӯҳия ва мадор ҷуръат пайдо кунем барои қадамҳои минбаъда? Маро маъзур доред, аммо бетаваҷҷӯҳии Шумо моро мекушад.
Аз даҳҳо маълумот имрӯз ба диққати Шумо, устодони азиз, як маълумоташро мегуяму бас: Танҳо барои арзанда муаррифӣ шудани филми "Дов" дар чор нахустнамоиши он, аз Маскав то Конибодом, 76 700 сомонӣ қарздорем.