Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи иттилои сарчашмаҳои огоҳи мақомоти сохтори давлатӣ, масъалаи иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои ғайринавбатии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки рӯзи 4-уми феврал дар шаҳри Маскав пешбинӣ шудааст, шояд то охири ҳамин рӯз муайян гардад.
Ба иттилои манбаъ аз дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, гурӯҳи кории масъул рӯи санадҳои зарурии сафари сарвари давлат ба Маскав, кишварҳои соҳили Балтика, Белгия ва Хорватия, ки дар нимаи моҳи феврал ба нақша гирифта шудаанд, рӯзҳои истироҳат кор карда, онҳоро пурра омода сохтааст.
Дар таърихи 31-уми январ як қатор оҷонсиҳои иттилоотии хориҷӣ бо истинод ба Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ маводеро интишор сохтанд, ки бинобар вазъи мушкили мавҷуда ба иллати бӯҳрони энергетикӣ дар Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои дар даҳаи аввали моҳи феврал пешбинишударо мавқуф гузоштааст.