spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар масоили тағйирёбии иқлим изҳори назар кард

“Мо нақша дорем, ки то соли 2050 ҳиссаи худро дар иҷрои  стратегияи “сифр – партов” тавассути рушди “энергияи сабз” боз ҳам афзоиш диҳем”, – изҳор дошт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Миср.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (2030) ва як қатор санадҳои дигарро қабул намудааст.

“Ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле ночиз аст ва дар ин радабандӣ кишвари мо дар ҷойи 130-ум қарор дорад, яъне аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо мавқеи пешсафро ишғол менамояд”, – гуфт президент.

Зикр шуд, ки зиёда аз 98 фоизи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда, яъне “энергияи сабз”, бахусус гидроэнергетика ба даст меояд ва аз рӯи ин нишондиҳанда кишвар дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорад.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки захираҳои об дар раванди мутобиқшавӣ ва устуворнокӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳамчунин, коҳиш додани оқибатҳои он  нақши калидӣ доранд.

Афзоиши офатҳои табиии вобаста ба об  робитаи ногусастании захираҳои онро бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд, – иброз дошт ӯ. – Имрӯз захираҳои об зери таъсири ҷиддии тағйирёбии иқлим қарор доранд. Намунаи возеҳи ин падидаро мо дар обшавии босуръати пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, мушоҳида менамоем”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон мехоҳад СММ соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кунад

Дар ин робита, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар доираи Эътилофи обу иқлим соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад.

“Ҳамзамон бо ин, мо дар доираи талошҳоямон барои омодагӣ ба Конфронси оби СММ, ки моҳи марти соли 2023 таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланд баргузор мегардад, ҳамбастагии обу иқлимро ба ҳайси яке аз мавзӯъҳои асосии Конфронс пешниҳод намудаем.

Мо, ҳамчунин, дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об тарҳи Рӯзномаи амал дар соҳаи обро, ки бояд уҳдадориву амалҳоро дар чорчӯби Конфронси соли оянда ба ҳам оварад, манзур намудем.

Итминон дорам, ки кишварҳои аъзои СММ ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тавассути иштироки фаъол, гирифтани уҳдадорӣ ва суръатбахшии амалҳо дар татбиқи ин масъулияти бузург моро дастгирӣ хоҳанд кард”, – илова кард президенти Тоҷикистон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...