Ӯзбекистон аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, ки таҳримҳо зидди олигархи ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов ва хоҳари ӯ Гулбаҳор Исмоиловаро лағв кунад, хабар медиҳад рӯзномаи Financial Times.
Мақомоти Ӯзбекистон дар мулоқотҳо бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, ки таҳримҳо алайҳи Алишер Усмонов, аз ҷумла, масдуд кардани дороиҳо ва мамнӯъияти сафари ӯ ба сармоягузории миллиардер ба иқтисоди Ӯзбекистон монеъ мешавад. Тошканд омодагии худро ҷиҳати ироаи кӯмаки ҳуқуқӣ ба ин сарватманд дар мурофиаи эҳтимолӣ судӣ иброз намудааст.
Ба гузориши Mediazona, Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон ин хабарро шарҳ надодааст, аммо сухангӯи Алишер Усмонов гуфта, ки таҳримҳо "воқеан ба тарҳҳои сармоягузорӣ ва хайриявӣ халал мерасонанд".
Алишер Усмонов яке аз сарватмандтарин афроди ҷаҳон буда, ҳамчун “шахсе аз доираи наздики Владимир Путин” ном бурда мешавад. Баъди оғози амалиёти ҳарбӣ дар Украина кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА алайҳи Алишер Усмонов таҳримот ҷорӣ карданд ва дастрасӣ ба дороиҳои ӯ маҳдуд гардид.
Хоҳари ӯ Гулбаҳор Исмоилова низ ба далели молики қонунии бархе аз дороиҳои Алишер Усмонов будан, мавриди таҳрим қарор гирифт. Гулбаҳор Исмоилова соҳиби қонунии яхтаи “Дилбар” аст, ки 600 миллион доллар арзиш дорад. Пулиси Олмон чанде пеш аз он яхта коллексияи 30 наққошро ба маблағи панҷ миллион евро мусодира кард.