Муштзанони тоҷик Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Аммони Урдун ҷараён дорад, ба дарёфти медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд.
Дар рақобати даври нимфиналии мусобиқа дар вазни зиёда аз 92 кг Муҳаммад Аброриддинов аз дорандаи медали биринҷии Чемпионати пешини Осиё Қамшибек Кункабоев аз Қазоқистон шикаст хӯрд.
Дар вазни то 63,5 кг Баҳодур Усммонов қувваозмоиро ба муштзан аз Ҳиндустон Шива Тапа бохт. Дар чемпионати қаблии Осиёи низ Баҳодур медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Дигар 8 нафар намояндагони Тоҷикистон дар ин чемионат дар даврҳои аввали мусобиқа ба шикаст дучор шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар Чемпионати бокси Осиё дар соли 2021, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардида буд, муштзанони тоҷик Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Шоира Зулқайнарова ва Мижгона Самадова ба дарёфти 4 медали биринҷӣ ноил гардида буданд.