spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Камчинии хӯроки паранда ё беморӣ. Чаро тухм дар Тоҷикистон қимат шуд?

Наздики як моҳ мешавад, ки нархи тухм дар бозорҳои кишвар боло меравад. Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд –  маркази вилояти Суғд арзиши як дона тухми мурғ ба 1,7 сомонӣ баробар шуда, як қуттии он ҳудуди 50 сомонӣ фурӯхта мешавад. Қаблан 1 дона тухм ҳудуди 1,1 сомонӣ ва як қуттии он 33-35 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Сабаби болоравии нархи тухмро фурӯшандагон дар бозорҳои Хуҷанд ба болоравии нархи ин маҳсулот дар фабрикаҳои истеҳсоли тухм рабт медиҳанд.

Гулноза, яке аз фурӯшандагони тухм дар бозори Афросиёб мегӯяд, ки сабаби аслии гароншавии нархи тухмро аз истеҳсолкунандаи он бояд пурсид, зеро ӯ худ низ аз болоравии нарх дар тааҷҷуб аст, вале сабабашро намедонад.

Ҳамин тавр, чандин фурӯшандаи тухм дар бозори Панҷшанбе низ гароншавии нархро тасдиқ карда, сабаби онро ба истеҳсолкунанда рабт доданд.

Ду сабаби гароншавии тухм аз назари истеҳсолкунанда

Истеҳсолкунандагони тухм дар Хуҷанд бошанд, асосан ду омилро дар болоравии нархи тухм муассир номиданд.

Ғайрат Раҳимов, масъули ширкати ҶДММ “Авҷпар” мегӯяд, ки дар болоравии нархи тухм пеш аз ҳама ду омили асосӣ – эҳтимоли бемории мурғҳо ва болоравии нархи хӯрокаи мурғ таъсир мегузорад.

“Беморшавии мурғҳои тухмдиҳанда истеҳсолкунандагонро маҷбур кард, ки мурғҳоро зудтар, то тухмдиҳӣ расидан барои омода кардани гӯшт супоранд, аммо ин ҳоло расман тасдиқ нашудааст. Баъдан, нархи ғизои мурғҳо ва витамини онҳо, ки аксар фермаҳои мурғпарварӣ аз хориҷи кишвар ворид мекунанд, боло рафт ва ин ду омил боиси афзоиши нарх шуд”, – мегӯяд Ғайрат Раҳимов.

Ӯ мегӯяд, барои мурғҳо ҳудуди 20 намуди ғизо  меоранд, ки бештари онҳо аз хориҷа ворид мешавад ва гароншавии арзиши ғизои мурғ дар хориҷа ба нархи тухм дар Тоҷикистон низ таъсир мерасонад.

“Санҷидем, бемории мурғҳо овоза аст”

Дар ҳамин ҳол, Ислом Раҳимов, муовини сардори раёсати Кумитаи бехтарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, ки овозаҳо дар хусуси паҳн шудани беморӣ миёни мурғҳо ва бармаҳал барои омода кардани гӯшт супоридани мурғҳои тухмдеҳ асос надоранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Мо ҳам ин гуна овозаҳоро шунидем ва ба фермаҳои мурғпарварӣ рафта, санҷиш гузаронидем, аммо ҳеҷ яке аз ин овозаҳо тасдиқи худро наёфтанд. Ягон хел беморӣ ҳам вуҷуд надорад ва мурғҳои тухмдеҳ низ барои гӯшт супорида нашудаанд”, – мегӯяд Ислом Раҳимов.

Ба андешаи ӯ, ягона омили болоравии нархи тухм ин афзоиши арзиши озуқаи мурғ ва гароншавии нархи қувваи барқ аст.

“Аз рӯи таҳлилҳои мо сабаби асосӣ гарон шудани нархи маҳсулоти ғизоӣ барои мурғҳо аст, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд. Болои 1 кг маводи хӯрокаи мурғҳо айни ҳол нисбат ба нархи пештара як сомонӣ илова шуда истодааст. Яъне, ба як тонна маҳсулот 1 000 сомонӣ зам мешавад. Табиист, ки ин хароҷот боли тухм илова мегардад. Ҳамчунин, болоравии арзиши қувваи барқ аст низ дар ин раванд бетаъсир набуд”, – гуфт Ислом Раҳимов.

Тавре зикр гардид, болоравии нархи тухм дар тамоми минтақаҳои кишвар мушоҳида мешавад. Масалан, дар шаҳри Душанбе арзиши як дона тухм дар ин шабу рӯз на камтар аз 1,40 сомонӣ буда, тухми мурғи “Порсиён” дар супермаркетҳо бо нархи 1,75 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар аввали сол нархи 1 дона тухм дар пойтахт ба ҳисоби миёна 85 дирам буд.

Содироти тухм ва норасоии корхонаи истеҳсоли хӯрок барои паррандагон

Дар Душанбе бархе аз фурӯшандагон болоравии нархро ба содироти он марбут медонанд. Бино ба маълумоти Агентии содироти Тоҷикистон, танҳо дар зарфи 4 моҳи соли 2022 аз Тоҷикистон ҳудуди 18 млн дона тухм ба хориҷи кишвар содир шудааст.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми содироти маҳсулоти чорводорӣ зиёда аз 1,8 млн долларро ташкил додааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ба зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти худӣ бо додани имтиёзҳои муайян ва маҳдуд кардани воридоти тухм аз кишварҳои дигар такя карданд.

Дар натиҷа, соли 2021 дар Тоҷикистон зиёда аз 800 млн дона ва дар 6 моҳи соли 2022 – 576,1 млн дона тухми мурғ истеҳсол шуд, ки 24,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Тибқи пешгӯиҳо, то охири сол истеҳсоли тухми мурғ бояд то 1 млн дона расонида шавад. Бо вуҷуди зиёд шудани истеҳсоли тухм, барои пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ он кифоя нест.

ССЫЛКИ ПО ТЕМЕ
Нархи 1 дона тухм дар Тоҷикистон ба 2 сомонӣ расид. Сабаб чист?

Мувофиқи меъёрҳои тавсияшудаи истеъмоли тухм дар як сол, ба Тоҷикистон 1,6 млрд дона тухм лозим аст.

Ҳудуди 80%-и арзиши аслии тухмро хариди хӯрок ташкил медиҳад. Шумори фабрикаҳои парандапарварӣ дар Тоҷикистон афзуда, лекин корхонаи истеҳсоли хӯрок барои парандагон қариб нест.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, дар зарфи 9 моҳи соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 60 млн доллар наздики 110 ҳазор тонна комбикорм харидааст.

Дар ҳамин ҳол, барномаи ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) хабар медиҳад, ки нархи содиротии гандум ва ҷуворимакка, ки асоси хӯроки парандагонро ташкил медиҳад, дар саросари ҷаҳон боло рафта, нархи тухми мурғ дар ҳамаи кишварҳо зиёд шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...