spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Бонки ҷаҳонӣ вариантҳои маблағгузории Роғунро барои ҳукумати Тоҷикистон омода мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Малпас масоили марбут ба минбаъд амалисозии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро баррасӣ карданд.

Гуфтушунид рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 9 ноябр дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Миср дар ҳошияи Иҷлоси Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим сурат гирифт.

“Президент Малпас зикр кард, ки айни замон Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) барои баланд бардоштани устувории Лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун” лоиҳаи кумаки техникӣ таҳия мекунад”, – хабар медиҳад намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе.

Дар хабар зикр мегардад, ки кумаки зикршуда ба “беҳбуди шароитҳои макромолиявӣ ва такмили фаъолият дар доираи ин лоиҳа” равона мегардад.

Худи ҳамин рӯз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ Гузориш дар бораи хароҷоти давлатӣ дар Тоҷикистонро нашр намуд, ки дар он гуфта мешавад, ин ниҳод барои ҳукумати Тоҷикистон вариантҳои имконпазири маблағгузории сохтмони НБО “Роғуна”-ро таҳия мекунад.

Дар гузориш коҳиши маблағгузорӣ аз буҷет ба лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун”тавсия мешавад, зеро ин, ба ақидаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, хавфи буҳрони қарзиро зиёд мекунад.

“Механизми маблағгузории “Роғун” нисбат ба дурнамоҳои минбаъдаи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон омили ҳалкунанда дорад”, – илова кардаанд мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ.

Қобили зикр аст, ки корҳои идомаи сохтмони НБО “Роғун” танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда, аз гуфтушунидҳо дар мавриди кумаки молиявӣ аз ҷониби мададрасонҳои байнулмилалӣ алҳол натиҷае ҳосил нашудааст.

Қаблан вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки моҳи декабри соли гузашта имкони маблағгузорӣ ба ин лоиҳаро ҳукумати кишвар бо шарикони рушд баррасӣ намуда, ба ҳамоҳангсозии ин корҳо бо дархости ҳукумати кишвар Бонки ҷаҳонӣ машғул аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Имкони ҷалби маблағҳои Бонки аврупоии сармоягузорӣ ба сохтмони неругоҳи “Роғун”

Тибқи ҳисобу китобҳо ахир, барои анҷоми сохтмони НБО “Роғун” ҳадди аққал 5 млрд доллар маблағ зарур аст. Анҷоми корҳои сохтмон соли 2033 дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон дар баргузории таҳқиқоти арзёбии лоиҳаи НБО “Роғун”, ки ба доир намудани он собиқ президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов исрор меварзид, кумак кард.

Ин ниҳоди молиявӣ кори чорсолаи ширкатҳои байнулмилалии машваратиро, ки Арзёбии техникӣ-иқтисодӣ ва Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаро баргузор намуданд, маблағгузорӣ кард.

МАЪЛУМОТНОМАИ “АЗИЯ-ПЛЮС”:

НБО “Роғун” бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мешавад, ки иқтидори муқарарраршудааш 3600 МВт-ро ташкил хоҳад дод.

Пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтан ҳаҷми солонаи истеҳсоли неруи барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соатро ташкил медиҳад, ки тақрибан ба 75% аз ҳаҷми истеҳсоли ҳамаи иқтидорҳои мавҷуда дар кишвар баробар аст.

Айни замон ду гидроагрегати НБО “Роғун” бо иқтидори нопурра кор мекунанд. Дар толори мошинҳои неругоҳ ба сурати умум, насби 6 агрегат бо итидори 600 МВт ҳар кадоме ба нақша гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...