spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Умеде дар миёни яъсу навмедӣ. 30 сол қабл рӯҳияи сокинони Хуҷанд чӣ гуна буд?

30 сол қабл, дар ин шабу рӯз таваҷҷуҳи тамоми сокинони ҷумҳурӣ ба Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд нигаронида шуда буд. Он вақт вакилони Шӯрои Олӣ ва элитаи сиёсиву низомии кишвар барои баррасии вазъи ҷумҳурӣ ва пайдо кардани роҳи ҳалли буҳрони амиқи сиёсиву идории он ба ин қаср омаданд ва  ҳудуди 2 ҳафта баҳсу мунозираҳо намуданд.

Дар ниҳоят истеъфои президенти вақт Раҳмон Набиев қонунӣ гардид ва низоми давлатдории президенти муваққатан боздошта шуда, ихтиёри давлатдорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон раиси навтаъини Шӯрои Олӣ вогузор гардид.

Он шабу рӯз сокинони оддии шаҳри Хуҷанд чӣ ҳолу аҳвол доштанд, рӯҳияи онҳо чӣ гуна буд? Бо ин савол хабарнигори “Азия-Плюс” ба чанд нафар сокини шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуд.

Исоқҷон Зокиров, сармуҳаррири рӯзномаи “Согдийская правда”:

Он замон 30-сола будам ва дар Душанбе зиндагӣ мекардам. Давлатро буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, боварии мардум ба ояндаи кишвар кам шуда буд. Сафи гурезаҳо дар мамлакат рӯз то рӯз меафзуд ва мардум ягона васитаи наҷоти ҷони худро дар фирор медиданд. Касеро боварияш намеомад,ки рӯзе дар  кишвари мо сулҳ ҳукумфармо мегардад.

Дар Душанбе оташи ҷанг торафт шиддат мегирифт ва соли 1992 маҷбур ба зодгоҳам – Табошар (ҳозира шаҳри Истиқлол) омадам. Дар ин ҷо қавму миллаҳои гуногун мезистанд ва аксари онҳо аз Тоҷикистон фирор кардан мехостанд. Дар умум, фазои он шабу рӯз тира ва ноумедкунанда буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин гуна шароит хабар расид, ки дар Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор мегардад. Мо бо умеди осоиштагӣ дар Ватан онро мунтазир будем ва баргузории онро шоҳид шудем.

Маҳз дар ин иҷлосия аввалин санадҳо оид ба қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва дигар қарорҳои барои он рӯзҳо муҳим қабул гардид, ки ба мардум умед мебахшид.

Мирзоаъзам Мақсудов, хабарнигори рӯзномаи Минбари халқ дар вилояти Суғд:

Дар Хуҷанд ҷанг нашуда бошад ҳам, навбатпоиҳо барои нон, гуруснагиву бедодгариҳои гурӯҳи ҷинояткор мушоҳида мешуд ва умуман, мардуми ҷумҳуриро яъсу навмедӣ фаро гирифта буд.

Он шабу рӯз ҳар кас мехост ҷумҳурӣ тинҷу ором бошад ва ба минтақаи ҷангзада кӯмакҳо ба монанди маводи ғизоӣ ирсол мекард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Масалан, Темур Дадобоев, намояндаи вилояти Хатлон оид ба дастраскунии кӯмакҳо дар хотираҳои худ навишта, ки вилояти Ленинобод барои қабули гурезаҳои ҷанг ва таъминоти онҳо 51 млн рубл харҷ кардааст. Аз ҳама бештар меҳнаткашони ноҳияи Ӯротеппа кӯмак ирсол намуда буданд, ки ҳаҷми он 7 млн рубл аст.

Дар расонаҳо он вақт зиёд мехондем, ки намояндагони минтақаи ҷануб барои ирсоли кӯмак ба шимолиён миннатдорӣ мекарданд. Эҳсос мешуд, ки мардуми тоҷикро дарду ғам аз ҳам напошид ва баръакс муттаҳид кард.

Қурбон Почоев, роҳбари Телекоми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

8 ноябри соли 1992 бо супориши роҳбарият ба Қасри Арбоб рафтем ва ба насби таҷҳизоти овоздиҳӣ машғул шудем. Назорати амниятӣ бисёр ҷиддӣ буд ва ҳар амалу рафтори мо зери назорат қарор дошт. Зеро чорабинӣ бисёр муҳим буд ва дар он тақдири давлату миллат баррасӣ мешуд.

Дар хотир дорам, ҳаво сард буд ва ин барои мо кормандони техникӣ мушкили дигар эъҷод мекард. Зеро баландгӯякҳо хуб кор намекарданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Хуллас, ҷаласа баргузор шуд ва Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Баъдан эълон шуд, ки ҷонибҳо сари як дастархон оши оштӣ таҳия мекунанд. Мо кормандони техникӣ то ними шаб истода, овозро дар баландгӯякҳо назорат мекардем. Ҳамин тавр, ҳар нафаре, ки аз ҷанги хонумонсӯз хаста шуда буд, кушиш мекард ба ҳар василае барои хатми он саҳм гузорад.

Худ шоҳид будам, ки он шабу рӯз одамон аз таъйин шудан ба вазифа метарсиданд. Ин воқеият аст. Ҳоло ҳама вазифахоҳ аст, аммо он замон аксарият дар андешаи ҷони худ буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...