Дар Душанбе аз рӯи далели аз корд ҷароҳат бардоштани сардори тлори VIP-и Фурудгоҳи байнулмилалии пойтахт Зафарҷон Самӣ парввндаи ҷиноӣ боз шуд.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар доданд, парванда аз рӯи моддаи “авбошӣ” оғоз гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, Зафарҷон Самӣ шоми рӯзи 11 ноябр ҳангоми ҷанҷолу занозанӣ дар назди яке аз тарабхонаҳои пойтахт дар маҳалли 112-ум аз зарбаи корд захм гирифтааст.
Сабаби муноқиша, инчунин аз ҷониби кӣ оғоз гардидани ҷанҷол маълум нест.
“Мақомоти тафтишот шахсияти афроди дар ҷанҷол дастдоштаро муайян карда, айни замон ҷиҳати боздошти онҳо чора андешида мешавад”, – гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки Зафарҷон Самӣ писари раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Шариф Самӣ аст.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, худи Шариф Самӣ ҳодисаи зарб хӯрдани писарашро дар як муноқиша тасдиқ ва ё рад накардааст.
“Ягон гап нест, ҳама тинҷ аст. Вазорати корҳои дохилӣ чизе гӯяд, ҳамон. Ман дар кор ҳастам”, – гуфтааст ӯ рӯзи 15 ноябр дар як суҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ.
Гуфта мешавад, кӯшиши тамос бо худи Зафарҷон Самӣ натиҷа надодааст. Се ҳамкораш дар фурудгоҳи Душанбе гуфтаанд, «ӯ рӯзҳо ба кор намеояд».