spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Тоҷикистон аз нақша камтар картошка ҷамъоварӣ шуд

Дар давраи аз моҳи январ то ноябр дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ҳазор тонна, аз ҷумла дар вилояти Суғд ҳудуди 500 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шуд, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Соли 2022 дар майдони 32,1 ҳазор гектар картошка шинонида шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, то 4 ноябр зиёда аз 702 ҳазор тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ шудааст. Соли гузашта ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ 1 млн 60 ҳазор тоннаро ташкил дода, имсол дар сатҳи 1 млн 108 ҳазор тонна дар назар аст.

Дар соли 2023 кишоварзони тоҷик парвариши 1 млн 170 ҳазор тонна картошкаро ба нақша гирифтаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, майдони кишти картошка дар ҷумҳурӣ ба 32 ҳазору 158 гектар баробар аст, аз ҷумла дар виояти Суғд зиёда аз 13,3 ҳазор га, ВМКБ – ҳудуди 1,3 ҳазор га, вилояти Хатлон – беш аз 5,8 ҳазор га ва Ноҳияҳои тобеи марказ – 9,7 ҳазор га.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Тоҷикистон истеҳсоли картошка кам шуд. Нархҳо боз боло мераванд?

Ҳосилнокии картошка дар ҷумҳурӣ 233 сентнер аз 1 гектарро ташкил медиҳад, аз ҷмула дар ВМКБ – 136, вилояти Суғд – 275, вилояти Хатлон – 178 ва Ноҳияҳои тобеи марказ – 222 сентнер.

Бино ба маълумоти оморӣ, барои як сокини Тоҷикистон дар як сол бояд 92 кило картошка ҷамъоварӣ шавал, лекин дар воқеият ҳаҷми истеъмоли картошка дар ҷумҳурӣ барои як кас дар як сол – ҳудуди 120 кило арзёбӣ мешавад.

Ба ин тариқ, талаботи умумии Тоҷикистон ба ин навъи маҳсулот то 1,3 млн тонна боло меравад.

Нархи 1 кило картошка дар Душанбе ба ҳисоби миёна 5-6 сомонӣ, Хуҷанд – 4, Рашт – 3,5, Бохтар – 5 ва Хоруғ – 6 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...