Имрӯз, 18-уми ноябр, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Созишнома оид ба оғози раванди ҷудо кардани қарз ба маблағи 29 млн евро барои дастгирии соҳаи энергетика ва таъмини деҳот бо оби нӯшокӣ ба имзо расид.
Созишнома оид ба оғози раванди ҷудо кардани қарзро Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Мариета Йагер, муовини директори генералӣ оид ба шарикии байналмилалии Комиссияи Аврупо имзо карданд.
Тибқи ин барнома Иттиҳодия Аврупо барои дастгирии энергетикаи устувор 15 млн евро ва барои таъмини деҳот бо оби нӯшокӣ ва беҳдошт 14 млн евро маблағ медиҳад.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин маблағҳо барои беҳ кардани инфрасохтори энергетикӣ ва барои расидан ба ҳадафи стратегии таъмини истиқлолияти энергетикӣ кӯмак мекунад.
Ӯ таъкид кард, ки ҳоло ҳукумати кишвар пайваста ислоҳои соҳаи энергетикаро гузаронида истодааст ва барои боз ҳам беҳтар намудани ин раванд кӯмакҳои техникӣ бисёр зарур арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 17-уми ноябр, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон конфронси минтақавӣ оид ба муаррифии лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо “Робитаи устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ” (SECCA) оғоз гардида буд ва имрӯз он ба анҷом хоҳад расид.