Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд Беш аз 3 ҳазор нафар аз ҳамлаи сагон захмдор шудаанд, ки ин нисбат соли 2021-ум 347 ҳодиса зиёд мебошад. Дар ин бора Таҳмина Усмонова, сардори Идораи беҳдоштӣ ё СЭС-и вилоят ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Номбурда гуфт, ин арқом дар 9 моҳи соли равон ба қайд гирифта шуда, 650 нафари онҳо аз сагони дайду, ки баъзеашон бемории ҳорӣ доштанд, захмӣ ва ҳатто фавтидаанд.
Ӯ афзуд, аз ҳама бештар аз сагон кӯдакони то 14-сола осеб дидаанд.
Дар ҳамин ҳол, сокинон вуҷуди сагҳои ҳорӣ ё девона ва гирифтор ба дигар бемориҳои сироятиро дар миёни ин ҷонварони бесоҳиб аз эҳтимол дур намедонанд.
Вуҷуди сагҳои ҳорӣ ё девонаро ин масъули СЭС низ рад накард ва гуфт, дар 9 моҳ 4 ҳодисаи бемории ҳорӣ дар байни сокинони вилоят дар натиҷаи ҳамлаи сагон ба қайд гирифта шуда, ҷабрдидаҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа ба муоинаи эпидемиологӣ фаро гирифта шудаанд.
“Дар пайи ба роҳ мондани назорати 10-рӯзаи бойторӣ нисбати 2 ҳазору 746 ҳолати осеб аз ҳайвонот ба сохтори бойторӣ хабар додашуда, 2 ҳазору 138 нафар бинобар солим будани ҳайвонот рухсат дода шуданд. Бо вуҷуди ба роҳ мондани корҳои фаъмондадиҳӣ, дар 13 шаҳру ноҳияи вилоят ҳолатҳои захмдоршавӣ аз ҳайвоноти хонагӣ зиёд гардидааст, – нигаронӣ кард Усмонова.
Дар ҳаимн ҳол, масъулини бахши тандурустии вилоят мегӯянд, дар ин давра садҳо нафар аз ҳамлаи сагҳо ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки дар байни онҳо кӯдакон низ ҳастанд.
Абдуғанӣ Абдуазизов, мудири шӯъбаи осебшиносии Маркази саломатии №-1-и шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар 872 нафар бо иллати газидани сагҳо ба онҳо муроҷиат кардаанд, ки 257 нафарро ноболиғон ташкил медиҳанд.
“Ба шахси осебдида аз ҷониби духтурон ваксинаҳои зиддисироятӣ гузаронида мешавад. Инчунин саге, ки ба шахс осеб расонид, муддати 10 рӯз нигаҳдорӣ ва зери назорат гирифта мешавад, то солим будан ё набуданаш муайян карда шавад. Аслан газидани сагон се дараҷа дорад: сабук, ки 6 ваксина мегирад, миёна, ки 3 вакисана зада мешавад ва вазнин, ки доруи “имунаглоглабин” мегирад. Нархи як ваксина ҳудуди 100 сомонӣ аст”, – шарҳ дод духтур.
Ба таъкиди Абдуазимов, дар 9 моҳи соли равон ҳолати фавт аз газидани сагҳо низ ба қайд гирифта шудааст.
“Масалан, як писарчаи 12-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди газидани саги ҳорӣ фавтид. Ӯро саги хонаводагиашон захмӣ мекунад. Осори беморӣ то се ҳафта аз худ нишонӣ надодааст. Волидайн бепарвоӣ карда, ба духтур муроҷиат намекунанд. Ба худтабобаткунӣ даст мезананд, ки ин хато аст. Худи саг низ баъди 14 соат мефавтад”, – зикр намуд номбурда.
Ба андешаи мутахассисони соҳа, сабаби зиёд шудани ҳолатҳои захмдоршавӣ аз ҳайвонот аз ҷониби сокинон риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории ҳайвоноти хонагӣ, зиёдшавии теъдоди сагу гурбаҳои дайду ва бесоҳиб, фаъолияти номукаммали муассисаҳои махсуси доштану нобудкуниҳои ҳайвоноти бесоҳиб ва дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани корҳо оиди ташкили ба рӯйхатгирӣ, қайд, шиносномадиҳӣ, эмкунии ҳайвоноти хонагӣ мебошад.
Ҳамлаи сагҳо ба одамон ҳодисаи нав набуда, ҳамасола ҳазорҳо нафар аз ҳамлаи сагҳо захмдор ва ба ҳалокат мерасанд. Мақомот барои пешгирӣ сагҳои дайдуро дастгир ва дар баъзе ҳолатҳо ба воситаи оташзанӣ нобуд мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвонот борҳо чунин шеваи бархӯрд ба сагонро дар Тоҷикистон бераҳмӣ унвон кардаанд.