Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати ҶТва ҶДММ «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро тасдиқ кард.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон чунин созишномаҳо пас аз тасдиқ аз ҷониби вакилони мардумӣ мустақиман бидуни тасдиқ дар палатаи болоии парлумон барои имзо ба президент пешниҳод мешаванд.
Тавре ки дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, созишномаи мазкур 7 сентябри соли ҷорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо ширкати дар боло зикршуда ба имзо расид.
Пас аз имзои қарордод Кумитаи давлатии сармоягузорӣ хабар дод, ки «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» барои сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли семент ба маблағи 160 млн доллар ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷиро дар нақша дорад.
Дар хабар зикр шуда буд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона 1,3 ҳазор аҳолии маҳаллӣ бо ҷойҳои кории нав таъмин карда мешаванд.
Пеш аз ин дар портали иттилоотии ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ лоиҳаи созишнома нашр шуда буд, ки дар он иқтидори корхона истеҳсоли 1,8 млн тонна сементи хушсифат дар як сол зикр гардида буд. Ин маънои онро дорад, ки ин корхона бузургтарин дар Тоҷикистон хоҳад.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 16 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият доранд, ки иқтидори умумиашон истеҳсоли 5,6 млн тонна семент дар як сол аст.
Корхонаҳои нисбатан бузург дар ин самт «Ҷунгтсай Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» арзёбӣ мешаванд, ки иқтидори ҳар кадоме аз онҳо на бештар аз 1,2 млн тонна дар як солро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Вазорати саноати ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3,2 млн тонна семент истеҳсол шудааст, ки 0,7% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.
Дар ҳамин ҳол, экологҳои маҳаллӣ чандин бор изҳор дошта буданд, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли семент метавонад ба муҳити зист ва солимии мардум осеби ҷуброннопазир расонад.