Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи тоҷик, беш аз як ҳафта мешавад, ки дар утоқи танбеҳ қарор дорад.
Хосият Ёрова, хоҳари вакили зиндонӣ, дар суҳбат ба "Азия-Плюс" гуфт, ки бародараш – Бузургмеҳр Ёров одатан дар як ҳафта ду маротиба тибқи реҷа ба онҳо тамос мегирифт, «вале давоми ҳафтаи ахир занг назад ва шояд ҳафтаи дигар тамос гирад, чунки вақти дар утоқи танбеҳ будан тамом мешавад, яъне 15 рӯз мегузарад».
Хоҳари Бузургмеҳр Ёров аз ҷузъиёти ба утоқи танбеҳ фиристодани бародараш изҳори бехабарӣ кард.
Кӯшишҳои мо барои дастрас намудани шарҳи расмии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия бесамар буд. Танҳо як нафар корманди ин ниҳод зимни суҳбати телефонӣ бо "Азия-Плюс" кӯтоҳ гуфт, "намедонам".
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ менависад, ки сабаби ба хонаи танбеҳ бурдани Ёров, “баҳс сари нақши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон будааст. Вале дақиқан дар кадом масъала баҳс шудааст маълум нест”.
Ба навиштаи ин расона, “байни намояндагони маҳбас ва Бузургмеҳр баҳс дар мавриди нақши президенти ҷумҳурӣ дар ҷомеа ва рушди кишвар ба миён омадааст, ки ба ҳамсӯҳбатон ҳукмҳои интиқодии ӯ писанд наомадааст. Ва ҳамин сабаб гардида, ки ӯро ба утоқи танбеҳ ҷойгир намуданд”.
Гуфтан ба маврид аст, ки қаблан, моҳи сентябри соли равон низ Бузургмеҳр Ёров даҳ рӯзро дар утоқи танбеҳ гузаронд. Он замон намояндагони Идораи зиндонҳо гуфта буданд, ки ӯ ба лаҳзаи ҳозиру ғоиби маҳбусон наомад. Наздиконаш бовар доранд, "маъмурони зиндони нави шаҳри Ваҳдат барқасдона ӯро дар китобхона маҳкам карда, ба ҷазо гирифтанаш сабаб шуданд".
Ёдовар мешавем, ки Бузургмеҳр Ёров яке аз вакилони дифои саршиноси тоҷик аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ дар маҳбас аст. Ӯро барои “қаллобӣ”, “сохтакорӣ”, “таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд” гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум кардаанд. Бар асоси қонуни афв чаҳор сол муҳлати ҳабсаш кам шудааст.
Худи Бузургмеҳр Ёров ҳамеша ба бегуноҳии худ таъкид кардааст ва ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ номидааст.
Бузургмеҳр Ёров 51-сола ва хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар оғоз муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1998 то лаҳзаи боздошт ҳамчун вакили мудофеъ кор мекард ва мудири иттифоқи адвокатии “Сипар” буд.