Имрӯз, 22-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Ҷоко Видодо, Президенти Индонезия дар робита ба заминларзаи шадид дар ҷазираи Яваи ин кишвар барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури ҶТ.
“Вобаста ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардии амиқи ин ҷонибро ба Шумо, мардуми дӯсти Индонезия ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, – гуфта мешавад дар барқия.
Ёдовар мешавем, ки бар асари заминларзаи шадид, ки дирӯз, 21-уми ноябр, дар ҷазираи Яваи Индонезия рух дода буд, дасти кам 162 нафар ҳалок шуда, садҳо тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора ВВС бо истинод ба Ридуан Камил, губернатори минтақавӣ хабар медиҳад.
Бар асоси гузоришҳои маркази Геологии ИМА қувваи заминларза 5,6 баллро ташкил додааст. Маркази заминларза шаҳри Чианджур, қисмати ғарбии ҷазира дар чуқурии 10 км будааст.