Ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти одамон аз коронавирус дар ҷаҳон то имрӯз, 22 ноябр ба 633 млн 433 ҳазору 457 нафар расид. Дар ин бора Маркази захираҳо оид ба коронавируси Ҷон Хопкинс хабар медиҳад.
Аз оғози паҳншавии коронавирус дар дунё аз оқибатҳои сироят аз он 6 млн 621 ҳазору 979 нафар ҳалок шуданд. Ба сафи кишварҳое, ки ҳолатҳои сироят зиёда аз 30 млн нафарро ташкил медиҳанд, ИМА, Ҳиндустон, Фаронса, Бразилия ва Олмон шомиланд.
Шумори сироятёфтагон ва фавтидагон аз коронавирус чунин аст:
ИМА – 98 351 547 ва 1 077 225.
Ҳиндустон – 44 670 940 ва 530 591.
Фаронса – 37 576 243 ва 159 378.
Бразилия – 34 999 495 ва 688 907 (то субҳи рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта).
Олмон – 36 247 081 ва 156 812.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти SCMP, дар Чин бори аввал давоми ним сол як мард аз ин беморӣ ҳалок шуд. Сокини 87-солаи Пекин рӯзи 11 ноябр ба табибон муроҷиат намуда, рӯзи 20 ноябр фавтид.