Дар Мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба таэквондо ИТФ дар Тошканд мунтахаби Тоҷикистон 23 медал ба даст овард, ки 10-тоаш тилло мебошад.
Дар мусобиқае, ки аз 18 то 20 ноябр дар маҷмааи варзишии “Юнусобод” баргузор шуд, варзишгарони 6 кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Беларус иштирок карданд.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” сармурабии даста Фурқат Урунов хабар дод, ҳайати Тоҷикистон аз 20 нафар таэквондочиён иборат буд ва онҳо ба сурати умум 10 медали тилло, 2 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ гирифтанд.