Имрӯз дар ҷаласаи мақомоти оинномавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Ереван дабири кулли Созмон Станислав Зас изҳор дошт, ки Созмон барои кумак ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон имкону захираҳо дорад.
“Дар минтақаи Осиёи Марказӣ мо ба эътидоли минбаъдаи муносибатҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аҳамияти хоса медиҳем. Мо чунин мешуморем, ки СААД захираву таҷрибаи зарурӣ дорад, то ки дар расидан ба ин ҳадаф ба ду кишвар кумак кунад”, – овардааст гуфтаҳои Засро РИА Новости.
Ба гуфтаи ӯ, агар Тоҷикистону Қирғизистон лозим донанд, СААД метавонад дар ин масъала ба онҳо мусоидат намояд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Ереван иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ба кор шурӯъ кард. Дар ҷаласа масоили муҳими амнияти баайнулмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуда, аз фаъолияти Созмон дар давраи байни иҷлосияҳо натиҷагирӣ мешавад. Ҳамчунин буҷети СААД барои соли 2023 баррасӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки вазири мудофиаи Қирғизистон Бактибек Бекболотов чанде пеш изҳор намуда буд, то замоне, ки байни кишварҳо як довар, масалан аз ҳамон СААД бо вазифаҳои оташбас ва аз сарҳади давлатӣ дур бурдани техникаи вазнини мусаллаҳ қарор нагирад, мухолифат давом хоҳад ёфт.