Дирӯз, 23-юми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Еревани Арманистон, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронии хеш аз аҳамияти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун сарҳадоти ҷанубии минтақаи СААД ёдовар шудааст.
Ҳамчунин, дар ин ҷаласа Александр Лукашенко, Президенти Беларус раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро қабул намудааст.
Аз рӯйи натиҷаи кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ як қатор санадҳо қабул карда шуд, афзудааст манбаъ.
Дар кори ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро баррасӣ карданд.
Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Никол Пашинян дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, кори он бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.