spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Чин дар шимоли Тоҷикистон 4 қитъаи шоҳроҳҳоро таъмиру таҷдид мекунад

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори Корпоратсияи China Railway Wuju (Group) ҷаноби Чжан Лян рӯзи 25 ноябр Қарордодро оид ба сохтмони чаҳор қитъаи шоҳроҳҳо дар вилояти Суғд ба имзо расониданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, масофаи умумии қитъаҳо 51,2 километрро ташкил медиҳад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Чин ният дорад, ки дар Тоҷикистон парки индустриалӣ бунёд кунад

Гуфта мешавад, корҳо дар доираи лоиҳаи Марҳилаи чоруми Барномаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ иҷро шуда, бо ин мақсад 56,6 млн доллар ҷудо карда мешавад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз Паймонкор даъват ба амал овард, ки корҳои сохтмонӣ тибқи талаботи меъёрҳо бояд босифат ва дар муҳлати муайянгардида анҷом дода шаванд.

“Дар ҷараёни татбиқи лоиҳа Паймонкор бояд кормандони баландихтисоси муҳандисӣ-техникиро ҷалб ва 90%-и коргарони лоиҳаро аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ба кор гирад”, – таъъкид доштааст Азим Иброҳим.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Вазири нақлиёти ҶТ ва намояндаи China Railway Wuju

Зикр мегардад, ки лоиҳаи мазкур таҷдиди қитъаҳои роҳи мошингарди Куруш-Бекобод ба дарозии 12,3 километр, Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров ба дарозии 22,0 километр, азнавсозии қитъаҳои роҳи мошингарди Бобоҷон Ғафуров – Ҳистеварз – дарозиаш 6,6 километр ва Конибодом — Кучкак ба дарозии 10,3 километрро дар бар мегирад. Дар доираи ин лоиҳа 11 пули нав бо дарозии умумии 444,2 метр низ сохта мешаванд.

China Railway Groupи Чин яке аз бузургтарин ширкатҳои сохтмони Чин ва яке аз бузургтарин дар ҷаҳон паймонкор дар соҳаи зерсохтори нақлиёт (ба сафи 40 ширкати бузургтарини кишвар ва 500 ширкати бузургтарини ҷаҳон шомил аст) мебошад.

Ширкати мазкур соли 2007 таъсис дода шуда, бастаи назоратии саҳмияҳояш ба ширкати давлатии холдингии China Railway Engineering Corporation тааллуқ дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...