Футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе дастаи “Зоб Оҳан”-и Эронро тарк кард. Бино ба иттилои Sports.uz, қарордод бо розигии тарафайн бекор шудааст.
“Мо қарор додем, ки қарордодро бо розигии тарафайн бекор кунем. Аз раҳбарияти даста барои розигиашон хеле миннатпазирам”, – зикр кардааст бозингар.
Дар робита ба кори минбаъдааш Эҳсони Панҷшанбе гуфтааст, аз Ӯзбекистону Уммон, инчунин аз Аврупо ҳам пешниҳодҳо дорад.
Тобистони соли равон Эҳсони Панҷшанбе тими “Навбаҳор”-и Ӯзбекистонро тарк карда, ба дастаи “Зоб Оҳан” гузашт. Бозингар бо эрониҳо боз як қарордоди 5-моҳа дошт. Айни замон футболбоз агенти озод шуд.
Гуфта мешавад, дастаҳое чун “Нефтчӣ”, “Пахтакор” ва АГМК-и Ӯзбекистон ба Эҳсони Панҷшанбе таваҷҷуҳ доранд. Ғайр аз ин, боз дастаҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки ӯро дар ҳайати худ дидан мехоҳанд.