Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 ноябр маҷлиси ҳукумати ҷумҳуриро баргузор намуд, ки дар он ҳисоботи муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нав дар бораи иҷрои барномаи рушди саноати сабук дар кишвар шунида шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зикр шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук дар давраи амалишавии Барнома сол ба сол тамоюли афзоиш дошта, аз 2,7 млрд сомонии соли 2018 соли 2021 ба 4,1 млрд сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2018 1,5 маротиба зиёд гардидааст.
Аз ҷумла, дар давраи амалигардонии Барномаи соҳа яъне солҳои 2018-2021 ва 8 моҳи соли 2022 нишондиҳандаи дурнамои ресмони пахтагин 103,5 фоиз, маҳсулоти дӯзандагӣ 115,3 фоиз, маснуоти ҷӯробу пайпоқ 209,5 фоиз, маҳсулоти кешбофӣ 141,4 фоиз, пойафзол 101,1 фоиз, мебел 216,8 фоиз ва матои адрас 167,1 фоиз иҷро гардиданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои президент ҷиҳати таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ тадбирҳо роҳандозӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ аз 1 млн 128 ҳазор дона дар соли 2018 соли 2021 ба 2 млн 670 ҳазор дона расонида шуд, ки суръати афзоиш 2,4 маротиба зиёд мебошад. Дар ҳашт моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ ба 3 млн 18 ҳазор дона расонида шуд, ки суръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли гузашта 20,0 фоиз зиёд таъмин гардидааст.
Дар давраи амалишавии Барномаи мазкур дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 245 корхонаю коргоҳ бо 3872 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Аз ҷумла, 38 корхонаю коргоҳ бо 730 ҷойи корӣ дар соли 2018, 50 корхонаю коргоҳ бо 820 ҷойи корӣ дар соли 2019, 32 корхонаю коргоҳ бо 534 ҷойи корӣ соли 2020, 87 корхонаю коргоҳ бо 1326 ҷойи корӣ соли 2021 ва 38 корхонаю коргоҳ бо 462 ҷойи корӣ давоми моҳҳои январ-августи соли 2022 ба истифода дода шудаанд. Самти фаъолияти корхонаю коргоҳҳои болозикр ба коркарди пахта, нахи пахта, пӯст, истеҳсоли пахтаи кӯрпабоб, маҳсулоти дӯзандагӣ, ҷӯроб, халтаҳои полипропиленӣ, пойафзол ва мебел равона карда шудаанд.
Дар робита ба рушди соҳаи қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ зикр шуд, ки айни замон дар 38 шаҳру ноҳияҳо марказҳои омӯзишию истеҳсолии маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, мунтазам фаъолият доранд.
Аз ҷониби корхонаю марказҳои ҳунармандӣ матои атласу адрас, курпаю курпача, рахти хоби ороишӣ, болишти гулдӯзӣ, тоқӣ, сӯзанӣ, ҷома, куртаи чакан ва дигар номгӯи маҳсулоти ҳунармандӣ истеҳсол карда шуда, дар ҳисоботи оморӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Баъди муҳокима барои баррасӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои зерин пешниҳод гардиданд:
– Лоиҳаҳои Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ»,
– Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»,
– Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи рақобат», Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ».
Аъзои ҳукумати мамлакат ҳамчунин Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои давраи то соли 2040, Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2023, Барномаи рушди чарогоҳҳо дар ҶТ барои солҳои 2023-2027, Барномаи рушди кинои ҶТ барои солҳои 2023-2027 ва Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти ҶТ «Дурахшандагон»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар хабар зикр мешавад, ки президенти зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ҷиҳати таъмини саривақтии иҷрои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Доир ба дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи зимистони солҳои 2022-2023, таъмини аҳолӣ ва иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ бо барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҳолатҳои сӯхтор, вусъати кишти тирамоҳӣ, захираи маҳсулоти хӯрока ва маводи сузишворӣ ва дар ҳолати мутобиқ ба талабот нигоҳдории иншооти роҳу нақлиёт низ дастуру супоришҳо дода шуд.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон