Ҷоми ҷаҳон – 2022 дар Қатар харчи бештар шавқовартару тамошобоб мешавад. Дастаҳо аллакай тақдири идомаи мусобиқа ва ё бозгашт ба хонаро ҳал мекунанд. Аввалин дастаҳое ҳам маълум шуд, ки тарки мусобиқот менамоянд. Канада, ки пас аз даҳсолаҳо ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифта буд, пас аз даври дуюми рақобатҳо зуд ба хонаи хеш “роҳхат” гирифт.
Пас аз бозиҳои дирӯза, номи чор дастаи дигар, ки тарки мусобиқот мекунанд, маълум гардид: Қатар, Эквадор, Эрон ва Уэлс.
Гуруҳи “А”
Ҳолланд 2:0 Қатар
Дирӯз, 29-уми ноябр, дар даври сеюм дар гуруҳи “А” тимҳои Ҳолланд ва Қатар бо ҳам вохӯрданд. Қатар бо ду мағлубият ба бозӣ ҳозир шуд ва аз ин бозӣ ҳам ҷуз голи шармшикан, чизе интизор набуд.
Дар дақиқаи 26-ум Коди Гакпо ҳисобро барои ҳолландиҳо кушод. Дар ибтидои қисми дуюм Френки де Йонг голи дуюми мунтахаби Ҳолландро ба самар расонид. Стивен Бергуис голи сеюмро зад, аммо ба далели ба дасташ расидани туб, гол лағв карда шуд.
Дар ниҳоят Қатар бозиро бо ҳисоби 2:0 бохт ва бо як голи задаву 7 голи ба дарвозаи хеш сардода иштироки худро дар мусобиқот ҷамъбаст намуд. Ҳолланд бо 7 имтиёз дар садри ҷадвали чаҳоргона қарор гирифт ва ба марҳилаи навбатӣ роҳ ёфт.
Сенегал 2:1 Эквадор
Тими миллии Сенегал дар бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии бар тими Эквадор пирӯзӣ ба даст овард. Сенегалиҳо эквадориҳоро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карданд.
Сенегал дар охири қисми аввал бо задани зарбаи ҷаримаи 11-метра ҳисобро боз кард, ки онро ҳамлагар Исмаила Сарр ба самар расонд.
Дар нимаи дуввум Эквадор пас аз зарбаи дақиқи нимҳимоятгар Моизес Кайседо ҳисобро баробар кард. Аммо пас аз як-ду дақиқа капитани Сенегал Калиду Кулибалӣ боз тимашро ба пеш баровард.
Ҳамин тариқ, Сенегал 6 имтиёз ба даст оварда, аз гурӯҳ ба даври 1/8 финал роҳхат гирифт. Мунтахаби Эквадор бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм бокӣ монд.
Гуруҳи “В”
Англия 3:0 Уэлс
Англия бо яке аз рақибони сарсахти худ – тими Уэлс вориди сабқат гардид. Дар нимаи аввал мунтахабҳо ба дарвозаи ҳамдигар ягон тӯб ворид накарданд. Дар нимаи дуюм, дар давоми ду дақиқа, англисҳо ду гол заданд. Дар дақиқаи 50-ум Маркус Рэшфорд ҳисобро боз кард ва дар дақиқаи 52-юм Фил Фоден тӯби дуюмро ба дарвозаи уэлсиҳо ворид кард.
Дар дақиқаи 68-ум Рэшфорд бо дубли худ, ҳисоби ниҳоиро дар бозӣ гузошт.
Амрико 1:0 Эрон
Дар бозии дигари ин гурӯҳ Эрон бо ИМА бозӣ кард. Бояд гуфт, ки интизориҳои ҷамеаи футбол аз ин бозӣ бештар аз як бозии оддии футбол буд. Ҳанӯз замони қуръакашӣ, вақте маълум шуд, ки Эрони исломӣ бо се тими англосаксҳо бозӣ мекунад, мухлисони футбол тақдири ин рақобатҳоро ба сиёсат печонида буданд. Махсусан, бозии тими Эрон ва ИМА чун набарди ду размикори набарди бидуни қоида маънидод мешуд, ки ҳеҷ кадоме ба ҳамдигар раҳме нахоҳанд кард, аммо футбол бори дигар собит намуд, ки беҳтарин василаи ба ҳам овардани инсонҳо аст.
Футболбозони Эрон ва ИМА дар майдон бо эҳтироми ҳамдигар бозӣ карданд ва собит сохтанд, ки футбол пеш аз ҳама, қувваи муттаҳидкунанда ва сулҳофар аст.
Бозии ин тимҳо дар варзишгоҳи “Ал-Тумама”, ки дар он беш аз 44 ҳазор тамошобин ҳузур дошт, баргузор шуд. Вохурӣ ба ҳисоби 1:0 ба фоидаи мунтахаби Амрико анҷом ёфт ва голро дар дақиқаи 38-ум Кристиан Пулишич зад.
Кӣ ба плей-офф роҳхат гирифт?
Ҳамин тавр ба даври 1/8 ниҳоӣ аз гуруҳи “А” тимҳои Ҳоланд ва Сенегал, аз гуруҳи “В” тимҳои Англия ва ИМА роҳхат гирифтанд.
Ҷадвали бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон 2022 барои имрӯз, 30-юми ноябр
20:00. Тунис – Фаронса
20:00. Австралия – Дания
00:00. Полша – Аргентина
00:00. Арабистони Саудӣ – Мексика
Соати бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.