spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Ташкили ҳукумати фарогир”. Талаби ҷамеаи ҷаҳон аз Толибон дар Душанбе

Дирӯз, 29-уми ноябр, дар шаҳри Душанбе даври 10-уми ҳамоиши байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” зери унвони "Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва рақамҳо" оғоз гардид.

Ҳамоиши мазкур ҳанӯз қабл аз оғоз гуфтугӯҳоеро дар атрофи худ дошт, аз ҷумла имкони иштироки Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва ҳузур надоштани намояндаи Толибон* дар он.

Ҳадафи аслии ҳамоиши мазкур таҳлили вазъи кунунӣ ва пайдо намудани роҳҳали мушкилоти имрӯза дар Афғонистон буд.

Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа, конфронсро ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро баррасии вазъи кунунӣ, пайдо намудани роҳҳали мушкилот ва ироаи пешниҳодот зикр кард.

“Ташкили чунин ҳамоишҳо метавонад роҳеро барои гуфтугӯҳо атрофи ҳалли қазияи ҳамсояи Тоҷикистон боз кунад”, – гуфт ӯ.

“Ташкили ҳукумати фарогир ягона роҳи ҳалли мушкилот аст”

Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бошад, мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба вазъи имрӯзаи Афғонистон баён дошта, таъкид намуд, ки равандҳо дар Афғонистон ҷараёндошта ба суботи кишварҳои минтақа бетаъсир нахоҳанд буд.

“Мо нақзи ҳуқуқи миллатҳои гуногун ва занонро дар Афғонистон шадидан маҳкум мекунем”, – гуфт Фарҳод Салим.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фарҳод Салим

Ӯ перомуни чанд нуктаи дигаре, ки боиси нигаронии ҳукумати кишвар шудааст, ишораҳо карда, зикр кард, ки “мо афзоиши истеҳсоли маводи мухаддирро дар Афғонистон мушоҳида мекунем ва созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли СММ ин нуктаро бо пайдо намудани заминҳои кишти маводи мухаддир, дар гузоришҳои худ таъйид мекунанд”.

“Нуктаи дигаре, ки боиси нигаронии мо шудааст, ин фаъол гаштан ва афзоиш ёфтани аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон мебошад. Дар ин кишвар ҳоло ба таври фарогир намояндагони Ал-Қоида, Давлати Исломӣ ва шохааш – Давлати Хуросон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Таҳрики Толибони Покистон ва ғайра ҳузур пайдо кардаанд”, – таъкид кард муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ӯ рукни муҳим ва ҳалталаби ин кишварро бесаранҷомӣ ва набудани субот дар байни ҷомеа дониста, роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистонро дар ташкили ҳукумати фарогир арзёбӣ намуд.

Ҳамин тавр, Фарҳод Салим вазъи иҷтимоиву иқтисодии мардуми Афғонистонро нигаронанда хонд ва аз кӯмакҳои башардӯстонаи фиристонидашуда аз сӯи Ҳукумати Тоҷикистон ёдрас шуд.

“Толибон маҷбуранд, ки моро гӯш кунанд”

Рангин Додфар Сипанто, раиси ҳайъати машваратии Институти мутолиоти стратегии Афғонистон ва собиқ вазири корҳои хориҷии ин кишвар, аз ташкили ҳукумати фарогир ҷонибдорӣ намуда, иброз дошт, ки ин роҳҳали асосӣ дар овардани субот дар Афғонистон ҳисобида мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рангин Додфар Сипанто ва Қосимшоҳ Искандаров

Сипанто гуфт, “ҳукумат”-и таъсисдодаи Толибон ин воқеиятро қабул надоранд ва ҳоло худро пирӯзи майдон меҳисобанд ва ба ҳеч гуна нишастҳо ҳузур пайдо намекунанд.

“Толибон на танҳо дар конфронси имрӯза, балки дар 9 конфронси қаблӣ ҳам даъват шуда буданд, аммо наомаданд. Онҳо маҷбур ҳастанд, ки моро, ҷоемаи Афғонистонро гӯш кунанд”, – гуфт Рангин Додфар Сипанто.

Нигаронии созмонҳои ҷаҳонӣ

Томас Николсон, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо оид ба Афғонистон, аз нақзи  ҳуқуқи башар, бахусус нақзи ҳуқуқи занон сӯҳбат карда, гуфт, Толибон ӯҳдадоранд, ки ин масъаларо риоят кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Томас Николсон

“Намояндаи СММ масъалаи ҳуқуқи занонро борҳо таъкид кард. Мо низ талош мекунем, ки ба ҷомеаи Афғонистон кӯмак расонем. Мардум низ дар навбати худ бояд муроҷиат кунанд. Мо бо шумори кам ҳам бошад дар Кобул ҳузур дорем. Дар масъалаи Афғонистон ҳар коре, ки аз дастамон ояд, дареғ намедорем”, – гуфт Томас Николсон.

Омиртой Битимов, сафири собиқи Қазоқистон дар Афғонистон, дар ин конфронс гуфт, дар минтақа чолишҳои навин ба вуҷуд омада истодаанд ва бозигарони он Амрико ва Русия мебошанд.

“ДОИШ* ҳам дигар қувваи хатарнок аст. Толибон аз ин кам нестанд. Ҳоло Афғонистонро ба чолиш кашидаанд. Толибон бидуни қонуни асосӣ амал мекунанд ва ҳеч гуна масъулиятро намепазиранд. Ҳамкории онҳо бо ҳаракатҳои террористӣ ҳис мешавад”, – таъкид кард Битимов.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Омиртой Битимов

Омиртой Битимов афзуд, мо бояд дар мавриди доштани мудирият дар Афғонистон фикр кунем. Ин давраи буҳронии мардуми Афғонистон бояд зуд роҳҳал ёбад.

“Эрон бо мардуми Афғонистон аст”

Муҳаммад Алӣ Баҳмании Қоҷор, пажӯҳишгари эронӣ, бошад, иброз дошт, ки “Эрон ҳамеша дар канори Афғонистон буд, аммо дар замони ҳукмронии Ашраф Ғанӣ (раисиҷумҳури фирории Афғонистон. -муаллиф) нофаҳмиҳое рӯ зад, ки мебояд онро бартараф кунем”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммад Алӣ Баҳмании Қоҷор

“Бо бозгашти Толибон аскарони Амрико аз Афғонистон баромаданд, аммо ҳукумати фарогир ташкил нашуд ва нофаҳмиҳои нави дигар эҷод гардид. Дар ҳама сурат, фирк мекунам, Эрон ҳамчун кишвари ҳамҷавор дар паҳлӯи Афғонистон ва мардуми он мемонад”, – гуфт пажӯҳишгари эронӣ.

Мушкили занон ҳанӯз мубрам боқӣ мемонад

Дар ҳамин ҳол, Фавзия Куфӣ, вакили собиқи парлумон ва увзи гуфтушунидҳои Давҳа дар мавзӯи Афғонистон, дар конфронси байналмилалӣ аз вазъи имрӯзаи Афғонистон нигаронии амиқ карда, гуфт, Толибон имрӯз ҳама қавонини худро дар кишвар ҷорӣ кардаанд ва ҳуқуқҳои занонро поймол мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фавзия Куфӣ

“Як сол аст, ки низоми нав дар Афғонистон шакл мегирад. Аммо мо фурсате дорем, ки ҳамаи ин амалкардҳои Толибонро бозхонӣ кунем. Мо роҳҳали ин масоилро ҷустуҷӯ дорем ва ин конфронс бароямон кӯмакҳо хоҳад кард”, – гуфт хонум Куфӣ.

Яке аз мавзӯъҳои муҳими конфронси мазкурро хонум Куфӣ баррасии ҳуқуқи занон дар Афғонистон хонд ва гуфт, муқовимати мо бисёр сахт, вале лозима аст.

Ёдовар мешавем, ки ин конфронс бо ширкати намояндагони гуногунсатҳи Афғонистон ва ҷаҳон тайи ду рӯз идома хоҳад кард. Дар назар аст, ки имрӯз, 30-юми ноябр низ коршиносону сиёсатмадорон ва намояндагони созмонҳои хориҷиву давлатҳои иштирокчӣ масоили мубрами Афғонистонро баррасӣ намоянд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...