Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 1 декабр Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023»-ро қабул кард. Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи қонун дар бораи буҷетро 31 октябр маъқул дониста, ба парлумон ирсол карда буд. Маъмулан палатаи поёнӣ онро нимаи моҳи ноябр қабул мекард, лекин имсол ин корро бо таъхир анҷом дод.
Зимни шарҳи лоиҳаи қонун вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода зикр кард, ки қисмати даромади буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми 37,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 4,1 млрд сомонӣ ё худ 12,3% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.
Қобили зикр аст, ки фарқият байни даромади буҷет дар соли равон ва соли оянда, ки аз ҷониби вазир гуфта шуд, бар асоси ҳаҷми дар моҳи ноябри соли гузашта муқарранамудаи даромадҳои Буҷети давлатӣ барои соли 2022 ба вуҷуд омад.
Аввали моҳи октябри ҳамин сол ба буҷети ҷорӣ тағйирот ворид карда шуданд, ки мувофиқи онҳо, ҳаҷми даромадҳо аз 33 млрд сомонӣ то 32,6 млрд сомонӣ кам карда шуд.
Қисмати хароҷоти Буҷети давлатии соли 2023 ба маблағи 38,1 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки 4,5 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба хароҷоти буҷети имсола мебошад.
Ба ин тариқ, касри Буҷети давлатии соли 2023 зиёда аз 1 млрд сомониро ташкил дода, ба 0,8% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.
Вазири молия таъкид дошт, ки мисли солҳои пешин дар буҷети соли 2023 соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дошта, хароҷот ба ин самт дар соли оянда дар ҳаҷми 18,6 млрд сомони ба нақша гирифта шудааст, ки ҳудуди нисфи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.