Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон дар муқоиса бо моҳҳои январ-октябри соли 2021 дар ҳамин давраи соли равон 4 баробар афзуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории IRNA бо истинод ба вазири энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбари Меҳробиён.
Рӯзи 5 декабр зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи навбатии дурӯзаи Комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон Меҳробиён ба рушди минбаъдаи робитаҳо байни ду кишвар изҳори умедворӣ кард.
Ӯ зикр кард, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Эрон ва Тоҷикистон то соли 2013 ба таври назаррас афзуда, лекин баъдан ба коҳишёбӣ оғоз кард.
Ба гуфтаи вазири эронӣ, ҳайатҳои воломақоми кишварҳо инчунин имкони густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои энергетика ва фарҳанг баррасӣ карданд.
Меҳробиён таъкид дошт, ки Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дошта, ширкатҳои Эрон метавонанд ба он сармоягузорӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, давоми моҳҳоми январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон зиёда аз 157 млн долларро ташкил додааст. Аз Тоҷикистон ба Эрон ба маблағи беш аз 73 млн доллар молу маҳсулот фиристода шуда, аз Эрон ба Тоҷикистон ба маблағи 84 млн доллар маҳсулот оварда шудааст.