Ба ҳукумати Тоҷикистон муяссар шуд, ки дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷиро 29,5 млн доллар кам кунад. Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, то 1 октябри соли 2022 ҳаҷми умумии қарзи берунаи ҷумҳурӣ 3 млрд 214,2 млн долларро ташкил медиҳад.
Дар аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 3 млрд 243,7 млн доллар баробар буд.
Дар сохтори он ҳудуди 95,5%-аш – 3 млрд 69,1 млн доллар ба “қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад”. Зери ин мафҳум қарзҳои имтиёзнок, ки аз ҷониби давлат барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ҷалб мешаванд, дар назар дошта шудааст.
Қарзҳои аз ҷониби муассиса, ташкилот ва ширкатҳои ҷудогона зери кафолати давлат гирифташуда 144,7 млн долларро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин дар сохтори қарзи хориҷӣ қарзи Бонки миллии Тоҷикистон дар назди Бонки исломии рушд дар ҳаҷми 0,4 млн доллар низ ҳаст.
Қарз аз кадом ҳисоб кам шуд?
Ба камшавии ҳаҷми қарзи беруна коҳиши қарзи бевоситаи давлатӣ ба маблағи 63,3 млн доллар мусоидат намуд.
Ғайр аз ин, соли равон ба Бонки миллӣ муяссар шуд, ки қарзашро ба Хазинаи байнулмилалии асъор (11,3 млн доллар) ва Чин (2 млн доллар) пурра пардохт намуда, инчунин ҳаҷми қарзро ба Бонки исломии рушд ба маблағи 1,3 млн доллар коҳиш диҳад.
Лекин дар баробари ин давоми сол ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ 48,4 млн доллар зиёд шуд.
Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Бонки содиротиву воридотии Чин аст, ки ҳаҷми қарзи ҷумҳурӣ аз он зиёда аз 1 млрд долларро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ ($357 млн), Бонки осиёии рушд ($291 млн), Хазинаи байнулмилалии асъор ($190 млн), Бонки исломии рушд ($184 млн), инчунин аз евробондҳо ($500 млн) низ қарздор аст.