Миҷгона Самадова ва Шамшер Саидов, ду муштзани тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт, ки аз 5-ум то 10-уми декабр дар минтақаи Белоярски Русия баргузор гардид, соҳиби медали тилло шуданд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин мусобиқа ба хотираи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Фармон Салмонов бо иштироки варзишгарони Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Беларус, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон сурат гирифт.
Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг баромад намуда, то финал бар боксчиёни кишварҳои Беларус ва Русия дастболо шуд. Варзишгари тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ бар мизбони мусобиқа Евгения Лочканова (Русия) ғалаба ба даст овард.
Зимнан, Миҷгона Самадова соли гузашта низ дар ин мусобиқот ба гирифтани медали тило даст ёфта буд.
Дар ин муосбиқа ҳамчунин, ду варзишгари дигари тоҷик – Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кг ва Меҳриноз Музаффарова дар вазни то 81 кг ҷойи сеюмро гирифта, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар муҳорибаи финалӣ миёни мардон, ки дар рӯзи охири мусобиқа баргузор гардид, Шамшер Саидов низ медали тилло ба даст овард. Ӯ дар муҳорибаи ниҳоии вазни 67 кг варзишгари мизбон Руслан Пидгирняк (Русия)-ро шикаст дод.
Ҳамчунин, ду варзишгари дигари тоҷик Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни 86кг ва Некрӯз Салимов дар вазни то 80кг сазовори медали нуқра ва биринҷӣ шуданд.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар Ҷоми 5-уми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт сазовори 6 медал – 2 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ гардиданд.